Председатель города
Зоҳидзода Даврони Абдуқодир
Посетители
4277690
Сегодня
72
На этой неделе
335
В этом месяце
2329
Итого
4277690
10.01.2025
Ҷиҳати амалишавии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷиҳати амалишавии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2024 таҳи №488 “Дар бораи Тартиби таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, муайян намудани андозаи он ва шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” санаи 10 январи соли 2025 дар шаҳри Конибодом мизи мудаввар бо ширкати ниҳодҳои марбутаи ҳифзи иҷтимоӣ, раисони кумитаҳои маҳаллаҳову намояндагони ҷамоатҳо ва ҷомеаи шаҳрвандиву шарикони рушд баргузор гашт.
Дар ҷараёни он масъалаҳои раванди пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, вазъи муроҷиати шаҳрвандон дар ин самт, тақвияти корҳои иттилоотӣ оид ба фарогирии аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зикр гардид, баҳри амалисозии нишондодҳои қарори марбута ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳдошти иҷтимоии сокинон амалисозии маъракаи иттилоотӣ мувофиқи мақсад мебошад. Биноан дар назар аст, ки давоми моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои деҳоти Патар ва Пулотон маъракаи иттилоотӣ оид ба фаҳмонида додани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ роҳандозӣ гардад.
Лозим ба зикр аст, ки мизи мудаввари мазкур аз руйи лоиҳаи “Вусъат додани маълумот дар бораи кумаки унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии “Пайроҳаи хушбахтӣ” ва дастгирии шарикони рушд: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоти байналмилалии “АКТЕД” дар мавзӯи “Мусоидат дар баланд бардоштани сатҳи кормандони ҳифзи иҷтимоӣ оид ба кумаки унвони иҷтимоӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Пулотон, Патар ва марказӣ шахри Конибодом” гузаронида шуд.
Дар мизи мудаввар муовини Раиси шаҳр Раҳмонзода Г. иштирок намуда, дар баромади худ қайд намуд, ки ҷиҳати иҷрои қарори №488 аз 30 августи соли 2024 тадбирҳои мушаххас андешида, дар ин самт корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бояд ҷоннок карда шаванд.
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?