Председатель города
Зоҳидзода Даврони Абдуқодир
Посетители
4277699
Сегодня
81
На этой неделе
344
В этом месяце
2338
Итого
4277699
10.01.2025
Рафти корҳои сохтмонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 21 ва 18 дидан намуд.
Имрӯз иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода аз рафти корҳои сохтмонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 21 ва 18 дидан намуд. Аз рӯи нақша дар МТМУ № 21 бинои 2 ошёнаи замонавӣ иборат аз 18 синфхона барои 360 нафар хонанда дар 1 баст бунёд мегардад. Сохтмони майдончаи варзишӣ низ оғоз гардидааст. Сохтмони иншоотҳои мазкур бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ба роҳ монда шудааст.
Ҳамчунин, дар МТМУ № 18 сохтмони бинои дуошёна оғоз шуда, барои 320 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Бунёди бино аз ҷониби Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд сохта шуда, маблағгузораш Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мебошад.
Зимни шиносоӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр ба масъулини соҳа ҷиҳати саривақт ва босифат ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ дастуру вазифагузориҳои мушаххас намуд.
Ҳамзамон, дар ҷараёни боздид иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр аз фаъолияти муассисаҳо шинос шуда, бо хонандагону омӯзгорон суҳбати самимӣ анҷом дода, қайд намуд, ки “Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус, Роҳбарияти Олии кишвар соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълон дошта, нисбат ба рушд ва пешрафти ин соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа, вобаста ба нишондиҳандаҳои рушди неруи инсонӣ, ки аз се самти асосӣ: дастрасӣ ба таҳсилот, тандурустиву дарозумрӣ ва сатҳи шоистаи зиндагӣ иборатанд, пайваста таваҷҷуҳу ғамхориҳо зоҳир менамояд”.
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?