Председатель города
Зоҳидзода Даврони Абдуқодир
Посетители
4277699
Сегодня
81
На этой неделе
344
В этом месяце
2338
Итого
4277699
09.01.2025
Дар асоси нақша - чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом
Дар асоси нақша - чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом имрӯзҳо мулоқоту вохӯрӣ ва боздиду натиҷабардорӣ аз вазъи шароити соҳаҳои иҷтисодиву иҷтимоӣ, иншоотҳои ҷашнӣ ва дигар ҷанбаҳои фаъолияти шаҳру деҳот баргузор гардида истодааст. Чунин вохурӣ бо сокинони ҷамоати деҳоти Пӯлотон таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир доир гашт. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» шарҳ дода, қайд кард, ки Паём ҳамчун як роҳнамои амиқи сиёсиву иқтисодӣ барои рушди устувор ва таъмин намудани амнияти миллӣ хизмат мекунад. Дар он тамоюлҳои нави рушди ҷаҳонӣ ба назар гирифта шуда, ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръат ва ноил шудан ба истиқлоли энергетикӣ мавриди таҳлил қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, вобаста ба иҷрои ҳатмии барномаҳои давлатӣ, азхудкунии заминҳои бекорхобида, бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ махсусан, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, аз таъмири хушсифат баровардани муассисаҳои фарҳангии ҳудуди ҷамоат, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгароӣ ва таълимоти ғайрирасмии динӣ, ҷалби ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии пошхурии оилаҳо, бо шуғл фаро гирифтани шаҳрвандони бекор, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зист, иштироки фаъолона дар маъракаи ниҳолшинонӣ, рафти иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал оварда шуд.
Сипас, сардори тозатаъини ШВКД дар шаҳри Конибодом подполковники милитсия Ғафурзода Аҳлиддин Маҳмадраҷаб ба сухан баромада, вобаста ба пешгирии ҳодисаҳои номатлуб шаҳрвандонро барои ҳамкорӣ даъват намуд.
Дар фарҷом иштирокдорони мулоқот бо саволу дархостҳои худ вобаста ба масъалаҳои мухталиф муроҷиат намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?