Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4277699
Сегодня
81
На этой неделе
344
В этом месяце
2338
Итого
4277699
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

09.01.2025

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода бо сокинони ҷамоати деҳоти Патар мулоқот

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» шарҳ дода қайд кард, ки Паём ҳамчун як роҳнамои амиқи сиёсиву иқтисодӣ барои рушди устувор ва таъмин намудани амнияти миллӣ хизмат мекунад. Дар он тамоюлҳои нави рушди ҷаҳонӣ ба назар гирифта шуда, ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръат ва ноил шудан ба истиқлоли энергетикӣ мавриди таҳлил қарор гирифтанд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки бо дарназардошти аҳамияти инфрасохтори иқтисоди рақамӣ, инчунин, муносибатҳои иштирокчиёни соҳибкории рақамӣ ва савдои электронӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни манзури Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат, пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд.
Сипас пурсишу посухи ошкоро сурат гирифта, ҷамъомадагон аз иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр посухҳои муфассал гирифтанд. Дар анҷоми мулоқот Даврон Зоҳидзода зикр кард, ки барои иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём зикргардида баҳри таъмини волоияти қонун, пешгирии ҳамагуна ҷинояткорию қонуншиканиҳо ва исрофкорию зиёдаравиҳо дар байни аҳҳолӣ корҳои огоҳсозӣ баранд ва тадбирҳҳои мушаххасу саривақтӣ амалӣ намоянд. Ҳамчунин ба масъулини соҳаҳои кишоварзӣ ва идораи беҳдошти замин ва обёрӣ оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Возможно, это изображение 2 человекаВозможно, это изображение 1 человек и помостВозможно, это изображение 6 человекВозможно, это изображение 1 человек, помост и текстВозможно, это изображение 8 человек, люди учатся и текстВозможно, это изображение 2 человека и помостВозможно, это изображение 1 человек и помостВозможно, это изображение один или несколько человек и толпаВозможно, это изображение 3 человекаВозможно, это изображение 1 человек и помостВозможно, это изображение 6 человек, толпа и текстВозможно, это изображение 4 человека и помостВозможно, это изображение 4 человека и текстВозможно, это изображение 2 человека
Возврат к списку новостей