Председатель города
Зоҳидзода Даврони Абдуқодир
Посетители
4277696
Сегодня
78
На этой неделе
341
В этом месяце
2335
Итого
4277696
07.01.2025
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Конибодом №19 пешбарӣ карда шуд
Санаи 7 январи соли 2024 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 -и шаҳри Конибодом Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси ҲХДТ Мирзоқосим Каримзода, аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Конибодом Зоҳидзода Даврон ва котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон иштирок намуданд.
Шерматова Фирӯза Саидовна , раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ҷаласаро оғоз намуда, иттилоъ дод, ки тибқи талаботи банди 35 ва 39 Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар асоси қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб аз «24 » декабри соли 2024 Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом даъват гардид.
Ба муҳокимаи Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом масъалаҳои зерин:
1.Дар бораи вазифаҳои ташкилотҳои ҳизбӣ ҷиҳати тарғиб ва амалигардонии нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Оид ба барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2025-2030
2.Таъсиси Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом;
3.Пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Конибодом №19 иборат буд.
Аз руйи масъалаи якум мудири шуъбаи маорифи шаҳри Конибодом, аъзои Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бурҳониддин Ҷабборӣ баромад намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки воқеан, дар Паёми навбатии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, занону ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Мо ҳизбиёнро зарур аст, ки дар самти ташвиқу тарғиби нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат, татбиқи амалии он дар байни аҳолӣ ва кормандони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намоем.
Сипас, аъзои маҷлис баъди ташкили ситоди интихоботӣ, тибқи моддаи 35 Оинномаи ҲХДТ номзади худро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд.
Ҳамин тавр номзадии Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Конибодом №19 пешбарӣ карда шуд.
Баҳри муаррифии номзад, аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ, раиси шурои собиқадорони ҷангу меҳнати МИҲД- и шаҳр Ғаниев Наимҷон баромад намуданд.
Сипас, тибқи муқаррарот ному насаби номзади пешбаришаванда тариқи овоздиҳӣ ба бюллетени овоздиҳии пинҳонӣ дохил карда шуд ва иштирокдорони ҷаласа раъйи худро доданд.
Натиҷаи овоздиҳиро раиси комиссия Саримсоқов Аҳрорхон эълон дошт ва ҳамин тавр Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон соли таваллудаш 1963, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, ихтисосаш ҳуқуқшинос, алҳол котиби Шурои амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Конибодом №19 якдилона пешбарӣ карда шуд.
Дар идома, Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатӣ Конибодом №19 ба сухан баромада, барои боварӣ ва эътимод арзи миннатдорӣ баён намуд.
Муовини Раиси ҲХДТ Мирзоқосим Каримзода низ дар ҷаласа баромад намуда, доир ба барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2025-2030 ва шахсияти номзади пешниҳодшуда, фикру андешаҳои хешро баён дошта, аз ҳамагон даъват ба амал овард, ки супоришҳои Роҳбарияти Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизбро сармашқи кори худ дониста, минбаъд низ таҳти роҳбарии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи амалии вазифагузориҳои пешниҳодшуда кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Дар идома ба иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом Зоҳидзода Даврон Абдуқодир ва раиси кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Фирӯза Шерматова медалҳои ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ супорида шуд .
Бо вазифагузориҳои дигар ба кори Маҷлиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ ҳусни анҷом бахшида шуд.
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?