Посетители
07.01.2025
Баргузории маҷлиси ҷамъбастии соҳаи маориф
Имрӯз дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7 ҷаласаи ҷамъбастии кормандони соҳаи маорифи шаҳр баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини Раиси шаҳри Конибодом Раҳмонзода Гулчеҳра Раҳмон, намояндаи Раёсати маорифи вилоят Раҳматов Сайфуллохон, кормандони шуъбаи маориф ва зерсохторҳои тобеи он, директорон ва муовинони роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва мудирони кӯдакистонҳо иштирок намуданд. Нахуст мудири шуъбаи маорифи шаҳр Ҷабборӣ Бурҳониддин оид ба фаъолияти шуъба давоми соли 2024 ҳисоботи муфассал дода, роҷеъ ба комёбиву дастовардҳо, камбудиву мушкилот ва муаммоҳои ҷойдоштаи соҳа ёдовар гардид. Таъкид гашт, ки соли 2024 барои аҳли маорифи шаҳр соли дастовардҳои назаррас буда, дар ин сол бо иштироки бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нави муассисаи таълимии рақами 48 ва кӯдакистонҳои рақамҳои 1 ва 2 ҳодисаи фараҳбахш ва хотирмони сол барои аҳли маорифчиён буд. Мудири шуъба ҳамзамон вазъи кадрӣ, сатҳу сифати донишандӯзӣ, аз аттестатсия ва курсҳои такмили ихтисос гузаштани кормандони соҳа, раванди иҷрои барномаҳои давлатии соҳавӣ, дастовардҳои хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар олимпиадаҳои фанниву байналмилалӣ, вазъи фаъолияти тарбиявӣ, таъминот бо китоби дарсӣ ва корҳои сохтмониро дар муассисаҳо муфассал мавриди таҳлил қарор дод. Сипас, директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маориф Ғафурҷон Баротов, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 Гулноза Шоҳпӯлотова ва мудири муассисаи томактабии рақами 14 Гулафзал Нозимова ба музокирот баромада, аз дастоварҳои самтҳои гуногуни соҳа ёдовар ва фаъолияти соҳаро дар соли 2024 қаноатбахш арзёбӣ намуданд. Намояндаи Раёсати маорифи вилоят Раҳматов зимни суханронии худ вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта таклифу пешниҳодҳо ироа сохта, баҳри ислоҳи онҳо вазифагузорӣ намуд. Муовини Раиси шаҳр Гулчеҳра Раҳмонзода нахуст аз нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, ки санаи 28.12.2024 ироа гашт, ёдовар гардида, таваҷҷуҳи Пешвои миллатро ба соҳа калидӣ маънидод намуд. Ҳамзамон, номбурда барои фаъолияти созандаву назаррас ба кулли маорифчиёни шаҳр дар давоми соли 2024 аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом, хоса иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир изҳори миннатдорӣ намуда, барои боз ҳам афзун сохтани нишондиҳандаҳои соҳа ва таҷлили сазовори ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ дастуру супоришгузорӣ сохт. Дар фарҷом ба як қатор устодони пешсаф нишони "Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Сипосномаҳои Раёсати маорифи вилоят тақдим гардид. Инчунин, ғолибони даври шаҳрии олимпиадаҳои фаннӣ бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз карда шуданд.
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?