Посетители
4281106
Сегодня
100
На этой неделе
801
В этом месяце
926
Итого
4281106
17.12.2024
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолони шаҳри Конибодом
16 декабр дар шаҳри Конибодом бо иштироки намояндагони ҷомеа, фаъолону роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва масъулини соҳаҳои маорифу тандурустӣ машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амну суботи ҷомеа, бехатарии шаҳрвандон, муборизаи беамон бар зидди ҳамагуна қонуншиканиҳо, пешгирии содиршавии ҷиноятҳои хавфнок ва сари вақт ошкорсозии онҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Раиси вилоят зимни мулоқот аз талошу заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдат ва амну суботи ҷомеа ёдовар гашта, таъкид намуд, ки таъмини оромӣ ва бехатарии шаҳрвандон дар меҳвари фаъолияти давлат қарор дошта, бо ин мақсад тамоми имконот, захира ва нерӯ равона карда мешавад. Бояд тазаккур дод, ки давоми чанд рӯзи охир дар шаҳри Конибодом якчанд ҳодисаи куштори бераҳмона ба қайд гирифта шуд, ки ҷомеаи шаҳрвандиро ба ташвиш андохтааст.
Баҳри ошкорсозии ҷиноятҳои нангин ва ҷазо додани гунаҳкорон сохторҳои қудративу ҳифзи ҳуқуқ сафарбар гардида, барои дарёфти ҷинояткорон ҷаҳду талош меварзанд. Барои ин беҳтарин муфаттишону коршиносон аз тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот сарҷамъ омада, донишу малакаи касбии худро баҳри дар мӯҳлатҳои кутоҳтарин пайдо намудани ҷинояткорон равона сохтаанд.
Роҳбари вилоят бори дигар таъкид дошт, ки раванди тафтишот таҳти таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат қарор дошта, дар навбати худ шаҳрвандон бояд зиракиву ҳушёриро аз даст надода, бо мақомоти қудратӣ ҳамкорӣ намоянд. Бо ин мақсад ташкили ситод, навбатдорони ихтиёрӣ, насби камреаҳои назоратӣ, чароғонкунии кӯчаву маҳаллаҳо, фаъолнокии аҳли ҷомеъа муҳим арзёбӣ гардид.
Дар рафти ҷаласа фикру андеша ва пешниҳоди чанде аз ҳозирин шунида шуд. Фаъолон омодагии худро барои мубориза бо ҳамагуна ҷиноят ва таъмини оромии ҷомеа баён доштанд.
Дар поёни ҷаласа роҳбари вилоят бори дигар таъкид дошт, ки рафти тафтишот таҳти назорати идораҳои марбута қарор дорад ва шаҳрвандон набояд ба ҳаргуна овозаҳо дода шаванд. Сокинонро зарур аст, ки ба таҳлука наафтанд, доимо ҳушёру зирак бошанд ва бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ намоянд.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?