Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4281106
Сегодня
100
На этой неделе
801
В этом месяце
926
Итого
4281106
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

13.12.2024

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2024, санаи 2 марти соли 2025 интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо баргузор мегардад.
Дар робита ба ин дар шаҳри Конибодом омодагиҳо баҳри дар сатҳи баланд ва муташаккилона доир намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ оғоз гардидаанд.
Дар ин радиф бо ибтикори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон
машварати омӯзишӣ баргузор гардид, ки дар он Носирҷон Салимӣ узви КМИР , Шарифулло Абдуллозода намонядаи Мақомоти иҷроияи ҳокимиятидавлатии вилояти Суғд, Исматҷон Ҷумъаев сармутахассиси шӯъбаи ташкилии Маҷомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, фаъолони шаҳр, аъзои эҳтимолии комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот, раисон ва котибони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар мутасаддиёни вобаста ба баргузории интихобот иштирок карданд. Ҷамъомадро муовини аввали раиси шаҳр Шӯҳрат Шокирӣ ҳусни оғоз намуд.
Дар ҷараёни мулоқот коршиносони Кумитаи Марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, доир ба масъалаи маъракаи сиёсӣ – интихоботи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, иштироки фаъолона дар маъракаи сиёсӣ ва муайян намудани мавқеи худ ва оид ба мазмун ва бандҳои Эъломияи ҳуқуқи башар, ташкили комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкаҳои интихоботӣ ва салоҳиятҳои онҳо, иштироки нозирон, дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани он ва ғайраҳо фикру андешаҳои худро баён доштанд.
Аз ҷумла зикр гардид, ки мутобиқи моддаи 6-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст. Тибқи меъёрҳои Конститутсия интихоботи Вакилони Маҷлиси намояндагон ва Вакилони Маҷлисҳои халқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба таври умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ сурат гирифта, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон то рўзи интихобот ба 18 расидааст, қатъӣ назар аз мансубияташон ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва дороии молу мулк ҳуқуқи интихоб кардан доранд.
Хоса таъкид гардид, ки дар шароити давлати ҳуқуқбунёди демократӣ тамоми субъектҳои раванди интихобот бояд муқаррароти қонунҳои амалкунандаи кишварро ба роҳбарӣ гирифта, барои беҳтар фаъолият намудани комиссияҳои интихоботӣ, дар сатҳи баланди ташкилӣ, ба таври шаффофу демократӣ ва озод барпо гардидани интихобот тадбирҳо андешанд ва амалӣ намоянд.
Возможно, это изображение один или несколько человек и люди учатсяВозможно, это изображение 5 человекНет описания фото.Возможно, это изображение 1 человек и помостВозможно, это изображение 9 человек, помост и текстВозможно, это изображение 3 человекаВозможно, это изображение 3 человека и текстВозможно, это изображение 7 человекВозможно, это изображение 6 человекВозможно, это изображение 2 человека и текстВозможно, это изображение 3 человекаВозможно, это изображение 1 человек и помостВозможно, это изображение помост
Возврат к списку новостей