Посетители
4281106
Сегодня
100
На этой неделе
801
В этом месяце
926
Итого
4281106
12.12.2024
ИҶЛОСИЯИ ҒАЙРИНАВБАТИИ БИСТУ ЯКУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ
12 декабри соли 2024 таҳти раёсати раиси шаҳр Абдусалом Тӯхтасунзода иҷлосияи ғайринавбатии бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Конибодом, даъвати шашум баргузор гардид.
Дар иҷлосия муовинони раиси шаҳр, вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва шаҳр, раисони ҷамоатҳои деҳот иштирок намуданд.
Дар иҷлосия масъалаҳои интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати ҳафтум, ташкил намудани Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати ҳафтум, миқдори ҳавзаҳои ҳудудии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати ҳафтум баррасӣ гардида, дар ин бора қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Конибодом, даъвати ҳафтум дар ҳайати 13 нафар ташкил гардида, барои гузаронидани интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Конибодом 40 ҳавзаи ҳудудии интихобот ташкил карда шуд.
Раиси шаҳр дар фарҷоми иҷлосия қайд, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2024, №882 рӯзи 2 марти соли 2025 интихоботи даъвати навбатии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” интихоботи вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот баргузор мегардад, таваҷҷӯҳи муовинони раиси шаҳр, аъзоёни комиссияи шаҳрии интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва дигар ниҳодҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрро ба иҷрои муқаррароти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ”, дар сатҳи баланди сиёсӣ ва ташкилӣ ва бо омодагии ҳамаҷониба баргузор намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ ҷалб намуд.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?