Посетители
4281105
Сегодня
99
На этой неделе
800
В этом месяце
925
Итого
4281105
08.12.2024
ПАЁМИ ТАБРИКИИ
РАИСИ ШАҲР АБДУСАЛОМ ТЎХТАСУНЗОДА БА МУНОСИБАТИ 30 - СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН
Бо камоли эҳтиром ҳамаи шумоён, аъзо ва фаъолони ҳизби раҳбару созандаро ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон самимона муборакбод менамоям.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар муддати начандон тўлонӣ ҷойгоҳи арзандаро соҳиб гашта, аз оғози таъсис то имрўз дар пешрафти мамлакат нақши сазовор мегузорад. Ҳанўз аз рўзҳои аввали давлатсозӣ он ҳамчун ҳизби пешбар ва созандаю ободкор дар таърихи навини мо нақши босазо гузошт.
Дар саргаҳи амалӣ намудани ҳамаи ин ҳадафҳои созанда ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши меҳварӣ доранд.
Саодатмандтарин миллат ва давлат он аст, ки роҳбаронаш дар ҳамоҳангӣ бо неруҳои дигари сиёсӣ, аз қабили ҳизбу ҳаракатҳо бидуни шитобкорӣ, огоҳона ва батадриҷ роҳи ислоҳоту таҳаввулотро пеш мегирад.
Тўли солҳои фаъолият Ҳизби халқии демок-ратии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки натанҳо ба як нерўи тавонои сиёсии ҷомеа табдил ёбад, балки дар самти ташаккул ва инкишофи низоми сиёсии он, шаклгирии давлату давлатдорӣ, умуман фарҳанги сиёсии ҷомеаи мо саҳми босазо гузорад. Ба ҳайси ҳизби раҳбар давоми се даҳсола аз марҳилаҳои душвор гузашта, сол то сол натанҳо мақому манзалати худро устувор кард, балки тақвияту густариш ёфт.
Барои мусоидат ба таъмини сулҳу субот дар ҷомеа, рушди самтҳои муҳими иқтисодиёту иҷтимоиёт, маорифу фарҳанг, тандурустӣ ва тарѓиби афкори миллии иҷтимоӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонид. Хусусан, дар самти эҳёи фарҳангу арзишҳои миллӣ, тақвияти худшиносиву худогоҳӣ ва ташаккули руҳияи ягонаи миллӣ қадамҳои устувор гузошта шуд.
Густариши худшиносиву худогоҳӣ, маърифати сиёсиву ҳуқуқии сокинони мамлакат, бахусус, наврасону ҷавонон аз ҷумлаи ҳадафҳо ва самтҳои асосии марҳилаи имрўзаи рушди давлатдории миллӣ мебошад. Аз ин рў, иқдоми назарраси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тақвият бахшидани худшиносию ватандўстӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва ба корҳои созандагӣ ҷалб намудани сокинони ҷумҳурӣ шоёни таҳсин аст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз он қаноатманд аст, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом аз рўзи мавҷудияти хеш то имрўз барои татбиқи ҳадафҳои асосии Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ – ваҳдату иттиҳод, ҳамраъйиву ҳамбастагӣ ва дар ин замина таъмини зиндагии осудаву осоиштаи мардум саҳми арзандаи хешро мегузорад.
Ҳамаи мо шоҳидем, ки тўли солҳои охир шумораи ҳизбиён дар шаҳр афзуда, имрўз кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб наздик 10 ҳазор нафарро дар 74 ташкилоти ибтидоӣ муттаҳид сохтааст. Қобили қайд аст, ки аъзоёни ҳизб чун шахсиятҳои масъулиятшиносу соҳибтаҷриба дар корҳои бунёдкоронаву созанда ва иқдомоти нек моро ҳамеша ҳамроҳӣ менамоянд.
Тавассути сиёсати оқилонаву хирадмандонаи роҳбарияти ҳизб имрўз Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ дар бинои наву замонавӣ фаъолият дошта, барои кормандон тамоми шароитҳои муосири корӣ фароҳам оварда шудааст.
Чунин кўмаку ғамхориҳо нисбати ҳизбиён ва махсусан, ҳидояту раҳнамоиҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи моро водор месозад, ки бо шукргузорӣ аз неъмати бузург – сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, озодиву истиқлол ва соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ ҷиҳати рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии шаҳри азизамон ва боз ҳам беҳтару хубтар намудани сатҳу сифати зиндагии сокинон бо ҳисси баланди ватандўстӣ ва садоқатмандона хизмат намоем.
Бо чунин орзуҳои накў бори дигар, ин санаи таърихиро ба ҳамаи шумо, муҳтарам ҳизбиён самимона табрик гуфта, бароятон саломативу хонаободӣ, сарбаландиву саодатмандӣ ва дар ҷодаи ободкориҳо барору комёбиҳо орзумандам.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?