Председатель города
Тухтасунзода Абдусалом
Посетители
4272764
Сегодня
136
На этой неделе
1112
В этом месяце
1890
Итого
4272764
23.11.2024
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ШАҲР АБДУСАЛОМ ТЎХТАСУНЗОДА
Ҳамдиёрони азиз!
Моҳи ноябр дар тақвими сол барои мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол басо хотирмону фараҳбахш аст.
Зеро чанде қабл мову шумо ҷашнҳои муқаддасу таърихӣ – 30 - солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу оромӣ ва амну суботи кишвар ботантана таҷлил намудем.
24 - уми ноябр дар таърихи навини давлатдории миллиамон яке аз санаҳои фархундаву таърихӣ маҳсуб ёфта, сию ду сол муқаддам дар ин рўзи муборак нахустин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон - Парчами давлатӣ қабул гардид.
Ҳамаи Шумо, ҳамдиёрони гиромӣ, сокинони Канди куҳанро ба ин муносибат самимона муборакбод намуда, бароятон тамоми хушиҳои зиндагиро орзумандам.
Парчам дар таърихи ҳар як халқу давлат мояи ифтихору ғурур аст, ки барои ҳимояи марзу бум, номусу озодӣ, забону фарҳанг, ватану миллат фарзандони бонангу орро зери сояи худ сарҷамъ месозад.
Таърих гувоҳ аст, ки дар айёми алангаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рўйдоди муҳими таърихӣ – Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, ба эҳёи дубораи миллату давлати мо асос гузошт.
Қабули Парчами давлатӣ дар чунин давраи басо ҳассосу тақдирсоз, ки мавҷудияти давлату миллат таҳти хатари воқеӣ қарор дошт, сурат гирифта, иқдоми олии ватандўстона ва аз даст надодани шаъну шарафи миллати тоҷик маҳсуб меёбад.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: «Қабули Парчам ба раванди давлатдорӣ ва зиндагиву тафаккури халқи мо мазмуну мундариҷаи нав бахшид. Мардуми мо ба асолати таърихӣ ва таъсири маънавии Парчами давлатӣ ҳамчун як зуҳуроти бисёр муҳиму арзишманди миллӣ эътиқод ва эътимод пайдо карданд».
Имрўз дар ҳақиқат ҳам, мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо эҳсоси баланди ватандўстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандона ва созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зери Парчами миллӣ сарҷамъу муттаҳиданд ва бо садоқату самимият ба халқу ватани хеш барои таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, ободии сарзамини аҷдодӣ ва рушду нумўи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ аҳлона заҳмат мекашанд.
Аз он ифтихорманду сарфарозем, ки Парчами давлатиамон қатори парчами дигар кишварҳо дар пештоқи созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ барафрохта шуда, ҳамчун муқаддасоти миллии тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақоми арзанда дорад.
Мардуми кишвар эътимоди комил доранд, ки Парчами давлатии Тоҷикистон чун рамзи озодӣ, ояндаи ободу осуда ва обрўву ифтихори халқи соҳибдавлати тоҷик то ҷовидон парафшонӣ хоҳад кард.
Бо чунин орзуҳои нек, бори дигар Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли ҳамдиёрон самимона муборакбод менамоям.
Бароятон сиҳатмандии комил, бахту саодати рўзгор ва барору пирўзиҳо орзумандам.
Бигзор, ҳамеша сулҳу субот, истиқлолу озодӣ дар кишварамон устувору поянда ва Парчами Тоҷикистони азиз то абад парафшон бошад.
РЎЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУБОРАК, ҲАМДИЁРОНИ АЗИЗ!
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?