Председатель города
Тухтасунзода Абдусалом
Посетители
4272764
Сегодня
136
На этой неделе
1112
В этом месяце
1890
Итого
4272764
22.11.2024
Тӯҳфаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Тӯҳфаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ифтихори 30 – солагии таъсисёбии ҲХДТ ба як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавассути сиёсати бунёдкорона ва татбиқи собитқадамонаи ҳадафҳои барномавии худ ва бо такя ба масъулиятшиносию нерўи зеҳнии аъзои ҳизб ба омили таҳкимбахши раванди созандагиву бунёдкории ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил ёфтааст.
Дар доираи таҷлили ҷашни 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади густурдатар ба роҳ мондани фаъолияти ҳизбӣ, ба роҳбарияти Кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилояти Хатлон, кумитаҳои иҷроияи ноҳияҳои Муъминобод, Панҷ, шаҳри Левакант, шаҳрҳои Исфара, Панҷакент, Конибодоми вилояти Суғд, ноҳияи Файзобод ва ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз номи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нақлиёти хизматӣ тақдим гардид.
Дар маросими тақдими нақлиётҳои хизматӣ муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор ҳизбиёнро ҷиҳати мушарраф гардидан ба тӯҳфаҳои идонаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрику муборакбод гуфта, изҳори умедворӣ намуданд, ки ин нақлиёти хизматии барориши нави замонавӣ минбаъд барои ҷоннок гардидани фаъолияти кумитаҳои иҷроия нақши муассир хоҳад гузошт.
Мавриди зикр аст, ки дар тӯли панҷ соли охир бо ташаббуси Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани беҳтарин шароитҳо барои кормандони ҳизбӣ, тамоми кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар соҳиби биноҳои хуштарҳу замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоту ашёи зарурӣ гардидаанд.
Лозим ба ёдоварист, ки таъмини нақлиёти хизматӣ барои кормандони кумитаҳои иҷроия аз иқдомҳои навбатии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва беҳтарин туҳфа барои ҳизбиён дар арафаи ҷашни 30 - солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.
Таъкид шуд, ки мақому манзалати ҳизб дар ҷомеа қабл аз ҳама ба ташаббусҳои Роҳбарияти Олии он ҷиҳати замина гузоштан ба рушди иқтисодӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии ҷомеа ва баланд гардидани сатҳи зиндагии сокинони мамлакат вобаста аст.
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?