Председатель города
Тухтасунзода Абдусалом
Посетители
4272764
Сегодня
136
На этой неделе
1112
В этом месяце
1890
Итого
4272764
15.11.2024
Паёми табрикии Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода
Ҳамдиёрони азиз!
Ҳамасола дар кишварамон санаи 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана, дар рӯҳияи баланд ва ифтихор аз ватандорӣ таҷлил мегардад.
Ин санаи фархунда дар таърихи навини давлатдории миллиамон ва хотираи мардуми тоҷик дарвоқеъ тақдирсозу хотирмон ва созандаву фаромӯшнашаванда мебошад.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама, рамзи эътибору садоқат, муҳаббату самимият ва бовариву эътимоди халқ нисбат ба Пешвои муаззами худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Ҳамаи Шумо, сокинони сарбаланди шаҳрро ба ифтихори ин рӯзи саид, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният намуда, бароятон тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоям.
Тавре ки маълум аст, санаи 16-уми ноябри соли 1992 дар айёме, ки Тоҷикистони тозаистиқлол дар алангаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарор дошт, рӯйдоди муҳими таърихӣ - Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, ба эҳёи дубораи миллату давлати мо асос гузошт.
Дар чунин вазъияти басо тираву сангин кишвар ба шахсияте ниёз дошт, ки вуҷудаш бар пояи ҷасорат ва хирад пероста бошад. Чунин масъулияти бузург ва рисолати таърихиро иҷлосия бар дӯши фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вогузор намуд.
Интихоби мазкур рӯйдоди тақдирсозе буд, ки миллатро аз вартаи бӯҳронӣ раҳо сохта, тамомияти арзии кишвар, ваҳдати миллӣ ва бунёди давлатдории тоҷиконро дар охири асри 20 таъмин сохт.
Саҳифаҳои таърихи башар дар баробари ҳодисаву воқеаҳо аз хидматҳои мондагори нафароне ҳикоят мекунад, ки ҳар амалашон ба тақдири миллионҳо нафар таъсир гузоштааст.
Чунин шахсиятҳо дар марҳилаҳои барои кишварашон мураккабу ҳассос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи пешрафти давлати худро муайян намуда, дар болоравии нуфузу обрӯи он нақши абадӣ гузоштаанд.
Вақте ба корномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳ мекунем, дурустии ин андеша равшантар мегардад.
Зеро Президенти муҳтарами мо аз ҳамин гуна симоҳои барҷастаи сиёсианд, ки барои аз харитаи ҷаҳон нопадид нагардидани давлати Тоҷикистон фидокорона талош варзида, давлати тамоман аз ҷиҳати сиёсӣ фалаҷгардидаро умри дубора бахшиданд.
Бо заковату хирадмандӣ дар як муҳлати кӯтоҳ тавонистанд, давлатро аз фаношавӣ наҷот ва мардумро муттаҳид намоянд, шӯълаи умедро дар қалби пиру ҷавон бедор намуда, тадриҷан, миллатро бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш ва рушду суботи минбаъда ҳидоят созанд.
Инак, бо гузашти 33 сол мардуми сарбаланди тоҷик таҳти сарварии ин абармарди олами сиёсат ба дастовардҳои беназир мушарраф гардида, барои пешрафту тараққиёти минбаъдаи сарзамини худ даст ба иқдомоти созанда мезананд.
Миллат бо шинохти ин асл дар атрофи Пешвои маҳбуби худ бештар аз ҳарвақта муттаҳид буда, барои иҷрои мақсаду ниятҳои олӣ – иттиҳоду ҳамбастагӣ ва ободии Ватани хеш тамоми нерӯи худро равона месозад.
Маҳз тавассути сиёсати хирадмандонаи роҳбари давлатамон имрӯз Тоҷикистон бо ҳамаи созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ ҳамкории зич дошта, дар равандҳои глобалӣ фаъолона ширкат мекунад.
То имрӯз панҷ ташаббуси Тоҷикистон – “Соли байналмилалии оби тоза” (соли 2003), “Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” (солҳои 2005-2015), “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” (соли 2013), “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” (соли 2025) аз ҷониби ҷаҳониён бахубӣ пазируфта шуд.
Бешубҳа, ин иқдомҳои Пешвои миллат дар бартараф кардани масъалаҳои мубрами сайёра, аз ҷумла истифода ва ҳифзу нигаҳдошти манбаъҳои обӣ ҳадафнок ва наҷотбахшанд.
Ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин пеш аз ҳама эҳтиром ва ихлоси бепоён ба миллату давлат, кишвари ободу осоишта, сулҳу ваҳдати пойдор, шакли комгори давлатдории президентӣ ва арҷ гузоштан ба хидматҳои мондагори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Албатта, боиси қаноатмандист, ки чун дигар мардуми Тоҷикистони азиз, сокинони Канди куҳан низ, бо меҳру муҳаббат, ихлос, вафодорию ризомандӣ ба Пешвои муаззами миллат барои таъмини сулҳу ваҳдати комил, иттиҳоду сарҷамъии сокинони мамлакат ба хотири ободии бештари шаҳру деҳот ва дар умум дар пешрафти Ватани азизамон саҳми муносиби хешро гузошта истодаанд.
Санаи муборак - Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар ҳақиқат ҳам барои миллати тоҷик рӯзи саодату шодмонӣ аст, ба кулли ҳамшаҳриён бори дигар шодбош гуфта, ҷиҳати татбиқи кору пайкори созандаи Пешвои муаззами миллат ва фардои дурахшони Ватани азиз саломатӣ ва барору комёбиҳо таманно дорам.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!
Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?