Председатель города
Тухтасунзода Абдусалом
Посетители
4272755
Сегодня
127
На этой неделе
1103
В этом месяце
1881
Итого
4272755
05.11.2024
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ШАҲР
Ҳамдиёрони гиромӣ!
6 ноябр аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад. Тайи ин солҳо мардуми сарбаланди тоҷик дар ҳимояи он, зери Парчами парафшони Тоҷикистони соҳибистиқлол кору зиндагӣ доранд. Равшан аст, ки имрӯз дар ҷаҳони муосир давлатдориро бидуни Конститутсия тасаввур кардан номумкин аст, зеро тамоми масъалаҳои асосиву бунёдии ҷомеа маҳз дар ин санад муқаррар карда мешавад.
Ҳамаи Шумо – сокинони сарбаланди Канди бостониро ба ин муносибат самимона табрик гуфта, бароятон беҳтарин таманниётро иброз менамоям.
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҳуҷҷати ояндасози миллат дар бунёди давлатдории навини тоҷикон, пайванди он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ дошта, маҳсули андешаи бунёди миллии халқи Тоҷикистон мебошад, зеро маҳз бо иродаи мардуми кишвар дар вазъияти барои давлату ҷомеа ниҳоят мураккабу ҳассоси таърихӣ якдилона қабул гардида, дар пояндагии давлат ва низоми идоракунии он нақши ҳалкунандаро мебозад.
Тавре ки аз таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, маҳз Конститутсия яке аз арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷик дар марҳалаи инкишофи он ба шумор рафта, натиҷаи саъю талошҳои бисёрсолаи ҷомеаи мардумпарвар ва адолатпеша дар рушду пешрафт ва муаррифии давлати мо ба оламиён мебошад.
Имрӯз баъди сипарӣ гардидани 30 сол аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътимодамон қавӣ мегардад, ки роҳи пешгирифтаи Роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми сарбаланди тоҷик дар раванди сулҳофариву таъмини амну субот ва рушди бемайлони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар саҳми бузург гузошт. Ва имрӯз бо боварӣ метавон гуфт, ки давлату миллатамон дар шоҳроҳи рушду тараққиёт сӯи дастовардҳои беназир равон аст.
Аз ин лиҳоз, донистани Конститутсия ва эҳтиром гузоштан ба меъёрҳои он вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шахси худогоҳу худшинос ва ватандӯст буда, омӯзиши ин ҳуҷҷати волои ҳуқуқӣ барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии аҳолӣ мусоидат менамояд. Дар робита ба ин санаи муборак – 30 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидани соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ дар замони муосири таѓйирёбанда басо муҳим арзёбӣ гардида, моро ҳушдор месозад, ки ба ин санади сарнавиштсоз арҷ гузорем.
Изҳори боварӣ мекунам, ки шумоён - ҳамшаҳриёни азиз, тавассути эҳтиром ва риояи дақиқи меъёрҳои Конститутсия рисолати шаҳрвандии худро сидқан адо намуда, бо меҳнати асил ва саҳми бевоситаи хеш дар рушду пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳиссаи сазовору арзанда мегузоред.
Бо чунин ниятҳои неку самимона, бори дигар кулли сокинони Канди куҳанро муборакбод намуда, ба ҳар як хонадон файзу баракот, хушбахтиву саодатмандӣ ва ба Тоҷикистони азиз сарсабзиву шукуфоӣ таманно дорам.
ИД МУБОРАК, ҲАМДИЁРОНИ АЗИЗ!
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?