Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4272755
Сегодня
127
На этой неделе
1103
В этом месяце
1881
Итого
4272755
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

04.11.2024

“Конститутсия-санади тақдирсози миллат”

Ба ифтихори 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси омӯзгорони кафедраи фанҳои “Гуманитарӣ” дар Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом низ Конфронси илмӣ адабӣ таҳти унвони “Конститутсия-санади тақдирсози миллат” баргузор гардид.
Дар оғоз мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Конибодом Маҳмудов Баҳодурҷон ба сухан баромада, аз номи Раиси шаҳри Конибодом ҳозиринро ба муносибати 30-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуд. Мавсуф зимни суханронии хеш қайд кард, ки омили мардумсолорӣ ва арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Конститутсияи кишвари мо дар мақоми аввал меистад. Ӯ аз боби 2-юми Конститутсия, ки ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд ном дорад ва 34 моддаи Конститутсия ва ё аз се як ҳиссаи он ба ин мавзӯъ бахшида шуда, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намудааст гуфт. Номбурда аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки дар посух ба ғамхориҳои Пешвои миллат ва таваҷҷӯҳи беш ба масъалаи ҷавонон дар иҷрои вазифаҳои хеш масул бошанд, илм омӯзанд, маърифати ҳуқуқии худро баланд бардоранд.
Дар бахши илмии конфронс маърӯзаҳо ироа гардид, ки пайроҳаи Конститутсияро аз Эъломияи Куруши Кабир то Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол фаро мегирифт. Муҳтавои маърӯзаҳои эшон аз он иборат буд, ки маҳз Конститутсия ормонҳои давлатдорию манфиатҳои миллии моро ифода карда, ҷаҳониён кишвари моро ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ, татбиқкунандаи сиёсати дарҳои боз шинохтанду эътироф намуданд.
Дар бахши адабии конфронс дар ҳамоҳангӣ бо мавзӯъ саҳнаҳои тарбиявӣ ва рақсҳои зебои духтарон намоиш дода шуда, сурудҳои дилангез садо доданд.
Дар идома бо аҳли толор андар боби Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суолу ҷавоб сурат гирифта, ғолибон муайян ва бо туҳфаҳои хотиравӣ ҳавасманд гардонида шуданд.
Дар интиҳои Конфронси илмӣ-адабӣ муовини директори Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом Азимова Мамлакат Самиевна ба сухан баромада, ба таҳиягарон ва иштирокдорони чорабинии мазкур изҳори сипос намуд ва ташкилу баргузории барномаҳои зайлро аз иқдомҳои ватандӯстонаи барои ҷомеа ногузир арзёбӣ намуд.
Возможно, это изображение текстВозможно, это изображение 5 человек и больницаВозможно, это изображение 2 человекаВозможно, это изображение 2 человека и осветительное оборудованиеВозможно, это изображение 5 человекВозможно, это изображение 3 человека и осветительное оборудованиеВозможно, это изображение 1 человек, улыбается и осветительное оборудованиеВозможно, это изображение 5 человек и текстВозможно, это изображение 8 человек, люди улыбаются, стол, помост и текстВозможно, это изображение 4 человека и люди танцуютВозможно, это изображение 7 человек и осветительное оборудование
Возврат к списку новостей