Председатель города
Зоҳидзода Даврони Абдуқодир
Посетители
4277694
Сегодня
76
На этой неделе
339
В этом месяце
2333
Итого
4277694
17.10.2024
ДУ ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАРОИ САРКАШӢ АЗ ДАЪВАТ БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ОҒОЗ ГАРДИД САРКАШӢ АЗ ХИЗМАТ
Ба ҷо овардани хизмати ҳарбӣ вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавонмард аст ва ин талаботро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст. Ин Ватанро, ки аҷдодонамон тайи беш аз ҳазор сол чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, ҷасорату мардонагӣ зоҳир намуданд, мебояд, ки бо тамоми ҳастӣ дўст дорем, барои ҳимояи он ҳар лаҳза омода бошем, то дар ин хоки муқаддас хоҳарону модарони шарафманди мо зиндагии осуда дошта бошанд. Имрўзҳо, ки вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ нигаронкунанда аст, ҷавонон уҳдадоранд истиқлолу озодии миллати хешро ҳифз намоянд.
Ба ин хотир тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябр маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ оғоз гардид. То имрўз ҳазорон нафар даъватшавандагони кишвар бо хоҳиши худ сафарбар шуданд. Даҳҳо шаҳру ноҳия дар рўзи аввал нақшаи сафарбариро сарбаландона иҷро намуданд. Ин нишонаи ватандўстӣ, эҳсоси баланди уҳдадории ҷавонон назди Ватан ва шарафи ҷавонмардӣ аст.
Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27 – сола бояд ба хизмати ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват карда шаванд.
Ёдовар бояд шуд, ки саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ ҷиноят маҳсуб меёбад ва ҳар нафари хилофи талаботи қонун амал карда, ҳатман ба ҷавобгарӣ ҷалб мегардад.
Новобаста аз он ки падару модари даъватшавандагон ва худи ҷавонони даъватӣ талаботи қонунро хуб дарк мекунанд, дар баъзе ҳолат аз оқибатҳои амали худ наандешида, аз хизмат саркашӣ менамоянд.
Чунин ҳолат прокуратураи шаҳрро водор намуд, ки нисбати ду нафар даъватшаванда бо назардошти талаботи моддаи 343 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намояд.
Ду сокини Ҷамоати деҳоти Фирўзоба – Бобоҷонов Саидҷон Зарифҷонович истиқоматкунандаи кўчаи Ҳусейнзода 217 ва Аҳадӣ Афзалҷон бошандаи кўчаи Ортиқов 346 дидаю донис-та талаботи қонунро сарфи назар намуда, аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ намуданд.
Ҳанўз моҳи июл ҳарду бо имзои шахсӣ даъватномаро аз комиссариати ҳарбӣ ба даст гирифта, аз оқибатҳои саркашӣ аз хизмати ҳатмии ҳарбӣ огоҳонида шуда, бо аризаи худ ба унвонии комиссариати ҳарбӣ уҳдадор шудаанд, ки 1 октябри соли равон барои сафарбарии ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбии шаҳр ҳозир мешаванд.
Мутаассифона, қабл аз оғози маъракаи даъват пинҳонӣ тарки ҷойи истиқоматӣ намуда, бе асос аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ намудаанд.
Лозим ба ёдоварист, ки моддаи 343 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то панҷ сол пешбинӣ намудааст. Ҳамзамон дар эзоҳи ҳамин модда зикр шудааст, ки агар даъватшаванда то ба суд супурдани парванда ба даъватгоҳ ҳозир шавад, ў аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.
Ҷавонон бояд хуб дарк намоянд, ки саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ ҳаёти ононро доғдор ва шаъну эътиборашонро назди аҳли ҷомеа, атрофиён ва хешу табор паст мезанад. Аз ин хотир бо сари баланд ба ҷо овардани қарзи шаҳрвандӣ - хизмати соф-дилона дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҳадафи асосии ҳар як даъватшаванда бояд бошад.
НОДИРЗОДА Мансур Боймурод,
ёрдамчии прокурори шаҳр,
мушовири адлияи дараҷаи 2
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?