Посетители
4297125
Сегодня
13
На этой неделе
340
В этом месяце
5916
Итого
4297125
16.10.2024
АЗ ДАФТАРИ ПРОКУРАТУРА ДАЪВАТШАВАНДАИ САРКАШ ҲУКМ ГИРИФТ
Саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ тибқи қонунгузории кишвар ҷиноят маҳсуб мешавад. Ин талабот имрўз ба кулли шаҳрвандони кишвар ошно аст. Зеро дар ин хусус тавассути васоити ахбори омма бисёриҳо гуфтаанду навиштаанд. Лек то ҳанўз байни ҷомеа нафароне ба назар мерасанд, ки талаботи қонунро сарфи назар карда, меандешанд, ки аз ҷавобгарӣ берун мемонанд.
Набояд фаромўш кард, ки дар доираи талаботи қонун кору зиндагӣ кардан қарзи ҳар як сокини кишвар аст. Чун аз он берун меравем, ҳатман назди қонун ҷавоб ҳоҳем гуфт. Роҳе дигаре вуҷуд надорад.
Алҳол хонандагони рўзномаро бо парвандаи ҷиноии як даъватшаванда шинос менамоем, ки бо баҳонаҳои беасос ошкоро аз иҷрои қарзи шаҳрвандии хеш - ба ҷо овардани хизмати ҳарбӣ саркашӣ намудаасту имрўз гарчанде аз карда пушаймон аст, он суде намебахшад.
Даъватшаванда – сокини кўчаи Ю. Ёдгоров 30 Расулов Шоҳрух Ғуломҷонович дар асоси қарори комиссияи тиббии назди комиссариати ҳарбии шаҳри Конибодом 30 сентябри соли 2022 аз муоинаи тиббӣ гузашта, шахси ҷисман солим ва ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ эътироф шуда, ба ў барои сафарбарӣ ба 3 октябр даъватнома супоридаанд. Номбурда онро бо имзои шахсӣ қабул намуда, забонхат додааст, ки рўзи муқарраргардида ҳатман ҳозир мешавад.
Рўзи сафарбаршавӣ даҳҳо даъватшавандагон назди комиссариати ҳарбӣ ҷамъ омаданд. Мутаассифона, он рўз Шоҳрух Расулов ҳозир нашуд. Бо мақсади саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ пинҳонӣ роҳи гурезро ба Федератсияи Русия интихоб намуда буд. Суоле бармеояд, ки чаро ягон нафар аз наздиконаш, ҳатто падару модар ўро аз ин роҳ бознадоштанд? Акнун ашк рехтану аз гуноҳи содир намудааш пушаймон шудан манфиат намебахшад.
Бо ҳукми суди шаҳри Конибодом Шоҳрух Расулов бо моддаи 343 қисми 1 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор ҳисобида шуда, нисбаташ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати як сол, бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низоми умумӣ таъйин гардид.
НОДИРЗОДА Мансур Боймурод,
ёрдамчии прокурори шаҳр

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?