Посетители
4297124
Сегодня
12
На этой неделе
339
В этом месяце
5915
Итого
4297124
14.10.2024
ДУРНАМО ИҶРО ШУД
Соҳаи пахтакорӣ дар ҳар давру замон барои кишвари офтобрӯяи мо яке аз соҳаҳои муҳими қисми аграрӣ боқӣ мемонад. Аз ҷумла шаҳри Конибодом бо шароити табиии мусоиди худ, барои парвариши пахта хеле мувофиқ буда, дар рушди соҳаи пахтакорӣ дар вилоят нақши назаррас дорад. Қайд кардан ба маврид аст, ки соҳаи мазкур ҷиҳати пешбурди иқтисодиёти Конибодом як манбаи муҳим маҳсуб меёад. Дар минтақа ҳазорҳо нафар ин соҳаро шуғли асосӣ пеша намудаву бо ин роҳ баробари афзоиши даромади иқтисодии хеш, сокинони маҳаллиро бо ҷойи корӣ таъмин мекунанд. Ҷиҳати огаҳӣ пайдо кардан аз вазъи кунунии ин соҳа, шароити буду бош бевосита бо хоҷагидорону чинакчиён дидан намудан ба шаҳри Конибодом сафар намудем.
БОЯД гуфт, ки имсол хоҷагидорону саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонии Канди бостон бо азму ғайрати хоса дар майдони 320 гектар кишти пунбадона гузаронида, нақша доранд, беш аз 900 тонна ашёи пурқиммати саноатӣ – пахта ҷамъоварӣ намоянд.
Ин буд, ки дар ҷамъбастии бистрӯзаи аввал байни хоҷагиҳои азими пахтакори тухмипарвари вилоят, нахустин шуда хоҷагидорони ҶСК ба номи Энаҷон Бойматоваи шаҳри Конибодом аз иҷрои дурнамои истеҳсоли ин дурри гаронбаҳо мужда расониданд.
-Ба шарофати чораҳои саривақтӣ андешидашуда, риояи меъёрҳои агротехникии парвариши пахта ва заҳмати деҳқонон муяссар шуд, ки дурнамои истеҳсоли пахта пурраву барзиёд иҷро гардад. Ба санаи 8-уми октябри соли равон ба нуқтаи қабул 910 тонна пахта дар хоҷагӣ захира шуд, ки ин нишондод 101,3 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Ҳосилнокии ҳар гектар пахтазор бошад, ба 27 сентнерӣ расонида шуд,- изҳор дошт раиси хоҷагӣ Шарифҷон Солизода.
Омилҳои расидан ба чунин дастоварди намоёнро масъулин пеш аз ҳама фазои тинҷу ороми кишвари маҳбубамон, ҳамзамон аз дастрасӣ ба имкониятҳову шароитҳои мавҷуда медонанд. омили дигар, ки албатта, бевосита ба пешрафту муваффақ шудан оварда мерасонад, ин меҳнати софдилонаву сарҷамъона, ҳамдигарфаҳмию ҳамдилии кишоварзон мебошад.
-Имсол ҳарчанд фасли тобистон басо гарму тасфон омада бошад ҳам, азбаски шароити обрасонӣ, яъне вазъи дастрасӣ ба оби полезӣ беҳтар гардида, ба мо хоҷагидорон имкон дод, ки саривақт риояи меъёрҳои агротехнологии парвариши ниҳоли пахтаро ба роҳ монем. Дар ин ҷода мо хоҷагидорону саҳмдорон дастгирии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбарияти шаҳрро бисёр хуб эҳсос кардем. Аз оғози мавсими кишту парвариш ва ғунучини ҳосил аз ҳоламон зуд –зуд хабар гирифтаву баҳри пешбурди корамон маслиҳатҳои муфид медоданд,-иброз доштанд масъулин.
Дар мавсими парвариш ва расонидани ҳосили хуби пахта мутахассисони чашмикордон механизаторон Иброҳим Сатторов, Наим Қаландаров, Ином Рустамов, обронҳо Салимбой Қазоқов, Аюбҷон Ҷӯраев, Абдураҳмон Холиқов ва дигарон заҳмати шоиста кашиданд. Дар бригадаҳои пахтакорие, ки сарваронашон Шодибой Самиев, Баҳромбой Ҷумъаев, Аббос Мамадов, Шамсиддин Усмонов, Абдураҳим Шокиров, Қаҳрамон Болтаев, Аскаралӣ Икромов ҳастанд, ҳосилнокии ҳар гектар пахтазор ба шарофати меҳнати ҳалол 35-40 сентнер расонида шуд.
Албатта, баҳри сарвақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил саҳми чинакчиёну ҳашарчиён низ хоса буда, аъзои хоҷагии мазкур низ ҳамарӯза аз субҳи саҳаргоҳон то шом сарҷамъона ба чидани пахта мебаромаданд.
Дар раванди ҷамъоварии ҳосили заҳмати марди деҳқон чинакчиёни чобукдасту собиқадор Ҳабиба Мазоҳидова, Ҳанифа Сайдуллоева, Дилафрӯз Абдуллоева ва дигарон рӯзе аз 120 то 130 килограммӣ тиллои сафед ҷамъоварӣ намуда, суръати иҷрои нақшаро тезониданд.
Ҳамчунин хоҷагидорону заҳматкашони Ҷамоати деҳоти ба номи неъмат Ҳамробоеви шаҳр дар ҷамъоварии ҳосили пахта шабурӯз меҳнат намуда, азм доранд нақшаи пешбинишударо сарбаландона ба иҷро расонанд. Сарвари Хоҷагии деҳқонии “навбаҳор” Раҳматулло Халилов изҳор дошт, ки беш аз 40 сол инҷониб бо аҳли оила пахтакориро пеша карда, соли равон низ дар майдони наздик 40 гектар кишти пунбадона гузаронидааст.
-Шукрона имсол вазъи обрасонӣ беҳтар гардидаву имкон фароҳам омад, ки аз ҳар майдони кишт ҳосили хуб ба даст оварем. Имрӯзҳо ҳама имконот, аз ҷумла техникаи зарурӣ ва ҳашарчиён басанда аст, ки ҳосилро то пағаи охир бе талаф ҷамъоварӣ намоем, -афзуд мавсуф.
Зимни суҳбат бо бонувони чинакчии моҳир Мавлуда Бобоҷонова, Асолат Орипова, Гулзира Дустматова аён гашт, ки ҳамарӯза то 100 -120 килограммӣ пахта чида, маблағи муайян ба даст меоваранд, ки бо ин шароити иқтисодии хешро беҳтар мегардонанд.
- То имрӯз ба хирмани умумии хоҷагӣ беш аз 2 ҳазор килограмм пахта ҷамъоварӣ намуда, аз маблағи ба даст овардаам барои зимистон тамоми маҳсулоти хӯроквории ба рӯзгор заруриро харидем, - мегӯянд занони чобукдаст.
-Дар мавсими ҷамъоварии ҳосили бо ранҷ расонидаи марди деҳқон кормандони мақомоти маҳаллӣ, соҳоти фарҳангу тандурустӣ ва сокинон ба ҳашари умумӣ баромада, рӯз аз рӯз хирмани ноҳияро пур карда истодаанд,- гуфт дар интиҳо муовини раиси шаҳр Гулчеҳра Раҳмонзода.
Солҳои охир Ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи пахтакорӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ҷиҳати таъмини техникаи муосири кишоварзӣ, такмилдиҳии дониши касбии онҳо дар соҳаи кишоварзӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд. Инчунин барои дастгирии рушди пахтакорӣ барои деҳқонон қарзҳои имтиёзнок пешниҳод мегардад, то имконияти онон беҳтар гашта сифатнокию афзуншавии ҳосилнокӣ бештар гардад.
Воқеан, соҳаи пахтакорӣ барои минтақа соҳаи ҳаётан муҳим барои иқтисодиёти маҳаллӣ ба ҳисоб меравад ва баҳри рушди устувори он аз масъулин боз ҳам саъю кӯшиш ва дилсӯзии бештарро тақозо дорад.
Маъмурахон САМАДОВА,
Шаҳбону ОЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”,
Хуҷанд-Конибодом-Хуҷанд

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?