Председатель города
Зоҳидзода Даврони Абдуқодир
Посетители
4277691
Сегодня
73
На этой неделе
336
В этом месяце
2330
Итого
4277691
04.10.2024
НОМАИ ШОДБОДИИ
Ҳамватанони азиз!
Бо ифтихору фараҳмандӣ дар ин рўзҳои мубораку фархунда ҳамаи Шумо – сокинони сарбаланду ватандўсти Канди бостониро ба муносибати Рўзи забони давлатӣ, ки ҳамасола 5-уми октябр таҷлил мегардад, самимона табрик мегўям.
Забони давлатии мо – забони нобу шевои тоҷикӣ яке аз рукнҳои асосӣ ва шоҳсутуни давлатдории миллӣ, рамзи муқаддасу ҷовидонаи ҳастии миллат мебошад. Ин забони бостонӣ тўли таърихи беш аз шашҳазорсолаи халқамон чун омили ваҳдату сарҷамъии мардум хизмат намуда, рисолати таърихӣ ва нақши тақдирсози худро дар замони соҳибистиқлолӣ низ идома дода истодааст.
Бешак, Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҷойгоҳи миллати тоҷик ва забони давлатиро дар арсаи ҷаҳонӣ пойдору устувор сохт. Забони тоҷикӣ дар ин давраи начандон тўлонӣ ба забони тавоно табдил ёфт ва ҳамчун забони расмии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шуд. Дар ин солҳо он дар ҳамаи соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ, фарҳангу адабиёт, қонунгузорӣ, равобити дип-ломативу тиҷоратӣ нақш ва мақоми хосро касб намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати дурбинонаву фарҳангпарваронаи хеш рушду тавсеа ва эҳёву ташаккули забони тоҷикиро дар мадди аввал қарор дода, дар асари безаволи худ «Забони миллат – ҳастии миллат» оид ба таърихи забону миллат ба таври фасеҳу амиқ андешаронӣ намудаанд. Байни тамоми қишри ҷомеа роҳандозӣ гардидани озмуни ҷумҳуриявии «Фурўѓи субҳи доноӣ китоб аст» василаест, ки шахсро дар натиҷаи хондани асарҳои бадеӣ ва ҳифзи ашъори шоирон сухандону забондон гардонида, фарҳангу маънавиёташро баланд мебардорад. Ташаббуси навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати ба ҳар як хонадон тақдим намудани шоҳасари безаволи «Шоҳнома» - и Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ баёнгари арҷгузорӣ ба забони нобу шево ва асари нотакрори ин шоири бузург ба шумор меравад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромади хеш таъкид доштанд, ки «Имрўз масъалаи забон яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад. Зеро давлат бе забон вуҷуд дошта наметавонад ва забон шиносномаи давлат ва гузашта аз ин, яке аз муқаддасоти асосии он мебошад. Ѓамхориву таваҷҷуҳи давлат нисбат ба забон ҳамчун сарвати бебаҳо ва нишонаи муҳимтарини истиқлолу озодӣ, соҳибдавлативу соҳибфарҳангӣ ва омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми кишвар мебошад».
Такя ба таъкиду ҳидоятҳои Пешвои маҳбуби халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки моро мебояд, ки барои татбиқи Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», барномаи забони давлатӣ, омўзиш ва рушди забони давлатӣ, тозаву беолоиш ва ботаровату зебо нигоҳ доштани он, тарбияи ватандўстии ҷавонон, фарҳангу маънавиёти ҷомеа масъулия-ти баланд дошта бошем, то ки насли имрўзи ҷомеа чун ворисони арзандаи гузаштагони худ камол ёбанд.
Дар раванди ҷаҳонишавӣ мо соҳибони забонро зарур аст, ки забони давлатиамонро ҳамчун ёдгории беназири ниёгонамон ҳифзу эҳтиёт намоем, бузургӣ ва бақову пойдории онро гиромӣ дошта, мисли Модар ва Ватани худ дўст дорем.
Боварии комил дорам, ки сокинон ва хусусан аҳли зиё ва адабу фарҳанги шаҳрамон барои рушду такомул, ҳифзу гиромидошт ва тозаву беолоиш нигоҳ доштани забони нобу шоиронаамон боз ҳам бештар саъю талош менамоянд.
Бо чунин нияту орзуҳои нек, бори дигар, ҳамаи Шумо – сокинони сарбаланди шаҳри Конибодомро бо фарорасии Рўзи забони давлатӣ самимона шодбош гуфта, бароятон беҳтарин таманниётро ба хотири ҳифзу гиромидошти забони давлатӣ орзу менамоям.
РЎЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ МУБОРАК, ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ!
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?