Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4277690
Сегодня
72
На этой неделе
335
В этом месяце
2329
Итого
4277690
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

03.10.2024

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом барои ишѓоли мансабҳои зерини холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:
1. Мудири бахши молия ва муҳосиботи дастгоҳи раиси шаҳр.
Талабот: - 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ. Маоши мансабӣ 2100,45 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали тарифӣ.
2. Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр (оид ба ВАО).
3. Сармутахассиси иқтисод, савдо ва мониторинг.
4. Сармутахассиси бахши сохтмон ва меъморӣ.
5. Сармутахассис - сарзоотехники Раёсати кишоварзӣ.
6. Сармутахассис - сариқтисодчии Раёсати кишоварзӣ.
7. Сармутахассис – сармуҳосиби шуъбаи фарҳанг.
8. Сармутахассис муҳандис-заминсози Ҷамоати деҳоти Пўлотон.
9. Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Пўлотон.
10. Сармутахассиси омори Ҷамоати деҳоти Пўлотон.
11. Сармутахассиси омори Ҷамоати деҳоти Куҳандиёр.
12. Сармутахассис муҳандис-заминсози Ҷамоати деҳоти Куҳандиёр.
13. Сармутахассиси дин, танзими ҷашну маросимҳои Ҷамоати деҳоти Куҳандиёр.
14. Сармутахассис-сармуҳосиби ҷ/д ба номи Абулқосим Лоҳутӣ.
15. Сармутахассис муҳандис-заминсози ҷ/д ба номи А. Лоҳутӣ.
16. Сармутахассиси дин, танзими ҷашну маросимҳои Ҷамоати деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутӣ.
17. Сармутахассис муҳандис-заминсози ҷ/д ба номи Р. Ҳамробоев.
18. Сармутахассиси дин, танзими ҷашну маросимҳои ҷ/д Патар.
19. Сармутахассис муҳандис-заминсози Ҷамоати деҳоти Патар.
20. Сармутахассиси дин, танзими ҷашну маросимҳои ҷ/д Фирўзоба.
21. Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Фирўзоба.
22. Сармутахассис оид ба омори Ҷамоати деҳоти Фирўзоба.
23. Сармутахассис муҳандис – заминсози ҷ/д Фирўзоба.
Талабот: - 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ);
- 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот).
Маоши мансабӣ 1902,40 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали тарифӣ.
24. Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр.
25. Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр.
26. Мутахассиси пешбари бахши молия ва муҳосиботи дастгоҳи раиси шаҳр.
27. Мутахассиси пешбари бахши саноат, нақлиёт ва алоқаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр.
28. Мутахассиси пешбари шуъбаи фарҳанг.
29. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии ҷ/д Пўлотон.
30. Мутахассиси пешбар оид ба андози Ҷамоати деҳоти Пўлотон.
31. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои бойгонӣ ва кор бо кадрҳои Ҷамоати деҳоти Куҳандиёр.
32. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии ҷ/д Куҳандиёр.
33. Мутахассиси пешбар оид ба андози Ҷамоати деҳоти Куҳандиёр.
34. Мутахассиси пешбар оид ба андози ҷ/д ба номи А. Лоҳутӣ.
35. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутӣ.
36. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои соҳаи кишоварзии Ҷамоати деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутӣ.
37. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии ҷ/д Патар.
38. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои соҳаи кишоварзии Ҷамоати деҳоти Патар.
39. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии ҷ/д Фирўзоба.
Талабот: - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиқ.
Маоши мансабӣ 1554,20 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали тарифӣ.
40. Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр.
41. Мутахассиси шуъбаи фарҳанг.
42. Мутахассиси шуъбаи маориф.
43. Мутахассиси Ҷамоати деҳоти Пўлотон - 2 ҷой.
44. Мутахассиси Ҷамоати деҳоти Куҳандиёр.
45.Мутахассиси Ҷамоати деҳоти ба номи А. Лоҳутӣ – 2 ҷой.
46. Мутахассиси омори Ҷамоати деҳоти Патар.
47. Мутахассис оид ба андози Ҷамоати деҳоти Фирўзоба.
Талабот: - таҳсилоти олӣ, олии нопурра ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиқ.
Маоши мансабӣ 1276,00 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали тарифӣ.
ТАЛАБОТИ УМУМӢ БА ҲАМАИ МАНСАБҲО:
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
- одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
- малакаи хуби муошират;
- малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ.
Ҳуҷҷатҳо аз тарафи шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр дар мўҳлати 21 рўзи баъди чопи аввалини эълон дар рўзномаи маҳаллии «Садои Конибодом» қабул карда мешаванд.
Суроѓа: шаҳри Конибодом, кўчаи Ю.Ёдгоров 73.
Индекс: 735900, телефон (83467) 3-41-20, www.konibodom.tj
Нишонаи почтаи электронӣ mihd.Konibodom@mail.ru
Нет описания фото.
Возврат к списку новостей