Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4261873
Сегодня
99
На этой неделе
191
В этом месяце
2460
Итого
4261873
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

31.08.2024

Паёми табрикотии Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба муносибати Рӯзи дониш

Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам устодону омӯзгорон, донишҷӯён
ва хонандагон, падару модарони гиромӣ!
Санаи 1-уми сентябр тантанаи Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар тамоми муассисаҳои таълимии кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол дар оғози соли нави таҳсил чун анъанаи неки арҷгузорӣ ба донишу хирад ва илму маърифат бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.
Ҳамаи Шумо - устодону омӯзгорон, донишҷӯёну хонандагон, падару модарон ва фарзандони азизро, ки бори аввал ба остонаи мактаб қадам гузоштаанд, ба муносибати оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш самимона табрику таҳният мегӯям. Бароятон саломатии бардавом, бахту иқболи накӯ, рӯзгори ободу осуда ва дар фатҳи қуллаҳои баланди илму дониш барору комёбиҳои беназир орзу менамоям.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромади хеш зикр доштанд, ки: “Ман дар асоси таваҷҷуҳу эҳтироме, ки нисбат ба илму маориф ва мактабу омӯзгор дорам, иброз медорам, ки маҳз тавассути рушди босуботи соҳаи маориф, таҳкими заминаҳои он ва заҳмати содиқонаи омӯзгорон мо тавонистем, ки чеҳраи воқеии халқи тоҷикро дар замони муосир ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем”.
Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба соҳаи маориф ҳамчун соҳаи муҳим ва афзалиятнок аҳамияти хоса зоҳир намуда, тамоми захираву имкониятҳоро барои рушду пешрафти мактабу маориф равона сохта, дар ин давраи начандон тӯлонӣ муассисаҳои таълимии муосиру замонавӣ бунёд гардида, барои илму касбомӯзӣ ва таълиму тарбияи наврасону ҷавонон тамоми шароитҳои заруриро омода ва муҳайё сохта истодааст.
Имрӯз барои насли наврас ва ҷавони ҷомеа барои азхуд намудани илму дониш, технологияи иттилоот, забономӯзиву касбомӯзӣ тамоми шароитҳо дар таълимгоҳҳо муҳайё аст.
Имрӯзҳо бо дастуру ҳидоятҳо ва дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон биноҳои нав, синфхонаҳои иловагӣ, толор ва майдончаҳои муосири варзишӣ сохта ба истифода дода шуда, ҳамзамон синфхонаҳо ва кабинетҳои фаннӣ бо тамоми шароитҳо муҷаҳҳаз гардонида шуда истодааст.
Омӯзгорон ва падару модарони азиз!
Ворид гардидани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва бо тарҳи нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ҳар яки моро ӯҳдадор менамояд, ки барои таълиму тарбияи кӯдак ба таври ҷиддӣ ва бо масъулияти баланд машғул гардида, онҳоро бо илму дониш мусаллаҳ бигардонем ва аз рӯйи шавқу завқ ва лаёқату қобилияташон ба забономӯзӣ, навоварию эҷодкорӣ ҳидоят созем. Чуноне ки борҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон таъкид месозанд, ояндаи Тоҷикистон дар дасти фарзандони мо, яъне наврасону ҷавонон мебошад.
Боварии комил дорам, ки хонандагону донишҷӯён дар соли таҳсили нав, дар соли таърихии миллат – 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисси баланди масъулият боз ҳам бештар ба илму донишомӯӣ рӯ оварда, донишу истеъдоди хешро баланд мебардоранд.
Устодону омӯзгорони муҳтарами мо низ самаранокии таълиму тарбияро дар муассисаҳои таълимӣ бо масъулияти баланд таъмин намуда, насли наврас ва ҷавони ҷомеаро ҳамчун инсони бомаърифату соҳибҳунар тарбия ва ба камол мерасонанд.
Дар оғози соли нави таҳсил, Рӯзи дониш тамоми мактабҳои шаҳр ҳусну таровати тоза ва намуди идона ба худ гирифта, баҳри истиқболи фарзандонамон омода аст.
Бо ибрози орзуву ниятҳои нек ва бо суханони арзишманди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханро ба анҷом расонида, бори дигар, Шумо - омӯзгорону хонандагони гиромӣ ва падару модарони азизро ба муносибати оғози Соли нави таҳсил ва бо фарорасии ҷашни бузурги миллиамон – 33 - солагии Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният мегӯям.
“Бигзор, Парчами истиқлоли давлатии мо бо нуру зиёи аҳли маорифи мамлакат, омӯзгорони ботадбир, падару модарони меҳрубон ва ҷавонони бонангу номуси кишвар ҳамеша парафшон, сулҳу оромӣ, амнияту суботи кишвар бардавом ва Тоҷикистони азизи мо дар олам то абад чун диёри донишу адабпарвар машҳур бошад.”
Рӯзи дониш, Соли таҳсили нав муборак,
ҳамватанони азиз!
Возможно, это изображение 2 человека, отдел новостей, Овальный кабинет, помост и текст
Возврат к списку новостей