Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4240844
Сегодня
79
На этой неделе
713
В этом месяце
1849
Итого
4240844
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

04.06.2024

ИДОМАИ МУЛОҚОТҲОИ ГУРУҲИ КОРӢ ДАР ДЕҲОТ

Дар асоси нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори шаҳри Конибодом дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо сокинони деҳаю маҳаллаҳо бахшида ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун "Соли маърифати ҳуқуқӣ" вохӯрии аъзоёни гурӯҳи корӣ санаи 4-уми июни соли равон бо сокинони деҳаи Хамирҷуи ҷамоати деҳоти Раҷаб Ҳамробоев доир гардид.
Дар ҳайати гурӯҳи корӣ раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фирӯза Шерматова ва мудири бахши дин , танзими анъана ва ҷашну маросимҳои МИҲД -и шаҳри Конибодом Гиесов Шуҳратҷон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баромад масъулин вобаста ба вазъи сиёсиву иҷтимоии ҷаҳони имрӯз, торафт афзоиш ёфтани хатару таҳдид ба мафкураи ҷомеаҳо, зиёдшавии омилҳои номатлуб дар байни аҳолӣ, махсусан қишри ҷавон, инчунин тҷиҳати расидан ба ҳадафҳои олии давлатдорӣ ва иштироки фаъолонаи аҳли ҷомеа дар раванди созандагию бунёдкорӣ, эҳсоси масъулият доштан дар раванди татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, зарурияти рӯёнидани ду-се ҳосил дар як сол, муҳимияти ҳифзи Ватан, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳу равияҳои мамнуъ, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дигар масъалаҳои мубрами рӯз аз ҷумла бобати мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,ки санаи 9-уми марти соли равон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар баргузор гардид, суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин ходими дин дар деҳаи Кучкак Шарипов Муҳиддин баромад намуда, сокинонро ба ободкориву созандагӣ, роҳи дурусти зиндагӣ ва барои ба ҷо овардани амалҳои хайру савоб даъват намуданд.
Возможно, это изображение 2 человека и люди учатсяВозможно, это изображение 13 человек и люди учатсяВозможно, это изображение 7 человек, люди учатся и текстВозможно, это изображение 12 человек и люди учатсяВозможно, это изображение 4 человека и помост
Возврат к списку новостей