Посетители
4289066
Сегодня
121
На этой неделе
822
В этом месяце
3879
Итого
4289066
22.02.2024
Паёми шодбошии
Ҳамаи Шуморо бо фарорасии яке аз санаҳои муҳими таърихии миллат - 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, баҳратон сиҳатмадии комил, сарбаландиву пирӯзи, рӯзгори ободу осуда ва барору комёбиҳои рӯзафзунро таманно дорам.
Басо фараҳбахш аст, ки аз оғози соли навин мову Шумо зери таассуроти нек ва руҳи болида аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи пойдор, тинҷиву оромии кишвар ва бо рӯҳияи баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ ба корҳои ободониву сарсабзгардонӣ ва созандагӣ вусъати тоза бахшида истодаем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат вобаста муҳайё сохтани шароити беҳтарин барои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳ ибрози андеша намуда, таъкид доштанд, ки “Ҳукумати Тоҷикистон баҳри боз ҳам беҳтар намудани шароити зиндагиву хизмат барои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳ, омода намудани кадрҳои баландихтисос, такмил додани дониши тахассусӣ ва сатҳи касбияти ҳайати шахсии ҷузъу томҳо тамоми имкониятҳоро равона месозад”.
Албатта, таваҷуҳи Роҳбари Олии мамлакт, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмонро нисбати хизматчиёни ҳарбӣ ҳамарӯза эҳсос менамоем, ки ин ҳама барои беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ ва боз ҳам мустаҳкаму муҳтадир гардидани пояҳои моддию техникии Артиши миллӣ нигаронида шудааст.
Аз таърихи начандон дури давлатдории миллиамон мусаллам аст, ки Қувваҳои мусаллаҳи кишвари соҳибистиқлоли мо дар як давраи бисёр ҳам ҳассосу сарнавиштсоз арзи ҳастӣ намуда, аз санҷишҳои ҷиддӣ гузашта, он тадриҷан рушду тавсеа ёфта, имрӯзҳо ба нерӯи қудратманду тавоно, муҷаҳазу муташаккили амнияти давлат табдил гардидааст.
Имрӯз тамоми ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар партави сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташкил ва ба вуҷуд овардани заминаи сиёсиву ҳуқуқии сохтори ҳарбии ҷумҳурӣ муваффақ гардида, ба сипари боэътимоди давлат табдил ёфтааст.
Тӯли сиву як сол сарбозону афсарони шуҷои Ватан дар ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, сулҳу амният, ваҳдати комил ва баланд бардоштани эътибору обрӯ ва нуфузи Артиши миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ саъю талош варзидаанд.
Аз оғози таъсисёбӣ то имрӯз ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, хосатан родмардони Ватан борҳо садоқати бепоёни хешро ба Ватан ва миллати худ, давлат ва Президенти Тоҷикистон исбот намудаанд.
Дар робита ба ин, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадҳояшон таъкид доштанд, ки “Шахсан ман ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳар як сарбозро мисли фарзанди худ дӯст медорам ва ҳамеша кӯшиш мекунам, ки ба ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ ва дар навбати аввал, барои сарбозон шароити беҳтарини хизмат ва зиндагӣ муҳайё карда шавад”.
Чунин ғамхории навбатӣ ҷиҳати беҳтарсозии вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ, ки аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат бармеояд, аз 1-уми январи соли равон музди маоши кормандони соҳаи низомӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти қудратӣ ба андозаи 40 фоиз зиёд карда шуд, ки чунин таваҷҷуи дар ҳақиқат шаҳодати эътимоду эътибори хосаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба матонату ҷасорат ва садоқати хизматчиёни ҳарбӣ мебошад.
Аз он қаноатманд ҳастем, ки имрӯзҳо ҷавонписарони шуҷои Конибодом низ дар сафи Артиши миллӣ дар қатори садҳо фарзандони баору номуси кишвар рисолати фарзандиашонро дар назди Ватан, давлат ва халқи Тоҷикистон сарбаландона иҷро намуда истодаанд.
Итминони комил дорам, ки ҳар як ҷавонмарди баору номуси Ватан, низомиёни Артиши миллӣ вобаста ба вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, таьдиду хатарҳои терроризму экстремизм баҳри ҳифзи содиқонаи марзу буми кишвар, истиқлолу озодӣ, сулҳу амният матонату мардонагӣ ва зиракии сиёсиро аз даст намедиҳанд.
Бори дигар, дар соли таърихии миллат – 30 – солагии Конститусияи Тоҷикистон афсарону сарбозон, хизматчиёни ҳарбӣ ва кулли ҳамшаҳриёни азизро бо солгарди навбатии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон муборакбод намуда, бароятон тани сиҳату хотири ҷамъ, зиндагии ободу осуда ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдилӣ ва пешрафту шукуфоҳ орзумандам.
Рӯзи Артиши миллӣ муборак, ҳомиёни шуҷои Ватан!

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?