Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4264260
Сегодня
39
На этой неделе
236
В этом месяце
781
Итого
4264260
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

05.02.2024

Нишасти матбуотӣ

5-феврал дар шаҳри Конибодом нишасти матбуотии Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода бо кормандони васоити ахбори омма дар бораи натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр дар соли 2023 баргузор гардид. Дар он намояндагони расонаҳои ахбор аз нашрияву маҷаллаҳои шаҳриву вилоятӣ, намояндагии телевизони "Сафина" ва рӯзноманигорони озод иштирок доштанд.
Дар оғоз Раиси шаҳр роҷеъ ба саволу пурсишҳое, ки дар нишасти матбуотии қаблӣ аз ҷониби рӯзноманигорон дода шуда буд, ёдрас шуда, аз хусуси корҳои иҷрошуда дар соли 2023-юм маълумоти мухтасар дод.
Баъдан саволу ҷавобҳо бо журналистон сурат гирифта, дар мавриди вазъи таъмири роҳҳо, корхонаҳои саноатии ба истифода додашуда, норасоии кормандон дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, вазъи муҳоҷират, аз ҷумла муҳоҷирати занон, сатҳи ҷудошавии оилаҳо, фаъолияти корхонаи пахтатозакунии ҷамоати деҳоти Патар, бунёди майдончаҳои варзишӣ, рафти маъракаи ниҳолшинониву ободонӣ ва ғайраҳо пурсишҳо пешниҳод гардид. Ба ҳар як саволҳо аз ҷониби Раиси шаҳр посухҳои мукаммал дода шуд. Раиси шаҳр таъкид дошт, ки ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонию ниҳолшинонӣ дар шаҳр аз тарафи ташкилоту муассисаҳои мухталиф боғҳои сарсабз ташкил карда шудаанд. Аз ҷумла боғи кормандони тиб ва боғи маорифчиён бунёд карда шуда, дар онҳо ниҳолҳои ороишӣ ва гулу буттаҳои сарсабз, ба монанди кипарис, туйя, сосна ва ғайраҳо шинонида шуд.
Дар нишасти матбуотии шаҳр намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Директори намояндагии Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ"-и вилоят Нозимӣ Баҳриддинхӯҷа иштирок дошт.
Дар анҷом Раиси шаҳр нақши рӯзноманигоронро дар тарғибу ташвиқи масъалаҳои муҳими ҷомеа, баланд бардоштани маънавиёти сокинон басо назаррас арзёбӣ намуда, барояшон дар инъикоси саривақтии хабару руйдодҳо ва воқеъбинона матраҳ намудани масъалаҳои рӯз барор хост.
Возможно, это изображение 7 человек и люди учатсяВозможно, это изображение 2 человекаВозможно, это изображение 6 человек и помост
Возможно, это изображение 10 человек и люди учатсяВозможно, это изображение 8 человек и текстВозможно, это изображение 8 человекВозможно, это изображение 3 человекаВозможно, это изображение 2 человекаВозможно, это изображение 9 человекВозможно, это изображение 7 человекВозможно, это изображение 6 человек и отдел новостейВозможно, это изображение 7 человекВозможно, это изображение 8 человек и текстВозможно, это изображение 4 человекаВозможно, это изображение 4 человека и текстВозможно, это изображение 6 человек и текстВозможно, это изображение 4 человека и текстВозможно, это изображение 4 человекаВозможно, это изображение 5 человекВозможно, это изображение 5 человек и Овальный кабинет
Возврат к списку новостей