Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4238774
Сегодня
76
На этой неделе
377
В этом месяце
4196
Итого
4238774
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

21.01.2024

Як соли Шӯрои ҷамъиятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати муовини Раиси шаҳр О.Охунзода ва бо иштироки фаъолон, собиқадорон, ҷавонони пешсаф ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Шӯрои ҷамъиятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом баргузор гардид. Онро бо суханҳои ифтитоҳӣ муовини озоди Шӯрои ҷамъиятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом З.Ашӯрматзода ҳусни оғоз бахшида, дар бораи фаъолияти шӯро дар соли сипарии 2023 ҳисобот дод. Зикр гардид, ки Шӯрои ҷамъиятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом дар таҳкими сулҳу ободии ҷомеа, тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстиву ахлоқи ҳамида, ҳифзи арзишҳои миллию давлатӣ нақши бориз дошта, дар ин мавзӯъҳои мубрами рӯз ҷаласаву мулоқот ва чорабиниҳои мухталиф доир намудааст.
Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ Раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Н.Ғаниев, мудири шӯъбаи кор бо занон ва оила Муҳитдинова, муовини директори коллеҷи омӯзгорӣ Ғ.Баротов, мудири шӯъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандон У.Ғаниева оид ба фаъолияти шӯро дар самти ҷавонон, собиқадорон, фаъолияти занон ва дигар масъалаҳои иҷтимоӣ баромад карданд.
Дар кори ҷаласа намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд М.Миркамолов иштирок ва суханронӣ намуда, фаъолияти Шӯрои ҷамъиятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Конибодомро дар соли сипарӣ қаноатбахш арзёбӣ намуд.
Дар анҷом барои хонандагоне, ки дар озмуни "Иншои беҳтарин" ҷойҳои ифтихориро сазовор гардиданд, сипосномаҳо супорида шуд.
Возможно, это изображение 5 человекВозможно, это изображение 4 человекаВозможно, это изображение 7 человекВозможно, это изображение 6 человек и помостВозможно, это изображение 7 человек и помостВозможно, это изображение 5 человекВозможно, это изображение 7 человек и помостВозможно, это изображение 7 человек и люди учатсяВозможно, это изображение 9 человек, помост и текстВозможно, это изображение 4 человека и люди учатсяВозможно, это изображение 9 человек и помостВозможно, это изображение 12 человек и помостВозможно, это изображение 8 человек и помостВозможно, это изображение 8 человек и помостВозможно, это изображение 11 человек и помостВозможно, это изображение 7 человек и текстВозможно, это изображение 6 человекВозможно, это изображение 4 человека и люди учатся
Возврат к списку новостей