Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4226067
Сегодня
54
На этой неделе
617
В этом месяце
183
Итого
4226067
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

10.11.2023

Паёми табрикотии Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба муносибати Иди касбии Милитсия

Муҳтарам кормандони мақомоти милитсия!
Хизматчиён ва собиқадорони шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии шаҳри Конибодом!
Мо дар ин айёми неку фараҳбахш Иди касбии мақомоти милитсияи кишвари азизамонро ҷашн гирифта истодаем. Ҳамаи Шумо – кормандони мақомоти бонуфузи кишварро ба муносибати Рӯзи таъсисёбии милитсия самимона табрику муборакбод намуда, бароятон сиҳатмандиву сарбаландӣ, бахту саодат, рӯзгори ободу осуда, дар иҷрои вазифаи басо пурмасъулу шарафмандонаатон барору пирӯзиҳо орзу менамоям.
Милитсияи тоҷик аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ рисолати пурмасъули хеш - таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгириву мубориза бар зидди ҷинояткориро садоқатмандона ба иҷро расонида, Санҷишҳои ҷиддии таърихро паси сар намудааст.
Хусусан, дар оғози ба даст овардани истиқлоли давлатӣ, ҳангоми ташаккули низоми нави давлатдорӣ кормандони милитсия, бори дигар исбот намуданд, ки арзишҳои олии Ватан – истиқлолу озодӣ, Сулҳу Ваҳдат ва ягонагии Тоҷикистон барояшон волою муқаддас мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳояшон матонату ҷасорати кормандони милитсияро дар таҳкими волоияти қонун ва ҳифзи осудагии ҷомеа махсус қайд намуда, чунин арзёбӣ менамоянд: «Мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амният ва таҳкими оромиву суботи кишвар нақш ва мавқеи хоса дошта, кормандони ин мақомот ҳамчун ҳомиёни боэътимоди давлат чашми бедори ҷомеа мебошанд.»
Тавре, ки дар таъкиди Роҳбари давлат бармеояд, таърихи на он қадар дурамон собит намудааст, ки матонати шумо - ҳомиёни тартибот, дар лаҳзаҳои басо ҳассос ва тақдирсози миллату давлати тозаистиқлоламон фаромӯшнопазир буда, аксарияти кормандони милитсия ҳамчун сарбозони обутобёфта, дар сафи пеши мубориза қарор гирифта, дар ҳимояи сохти конститутсионии мамлакат ва ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар саҳми босазо гузоштанд.
Имрӯзҳо низ, ҳар яки шумо вазифаи ҷонии хешро дар самти мубориза бар зидди ҳама гуна ҷинояткорӣ, зуҳуроти номатлуби ҷомеа, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳифзи моликияти шахсӣ ва ҷамъиятиву давлатӣ, риояи тартибот ва волоияти қонун бо эҳсоси масъулияти баланд иҷро менамоед.
Аз он қаноатманд ҳастем, ки ҳайати шахсии милитсияи шаҳрамон дар ҳамоҳангӣ бо мақомотҳои дигар баҳри пешгириву ошкор намудани ҷинояткориҳо, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини зиндагии осудаҳолонаи сокинон донишу таҷриба ва маҳорати касбии худро равона сохта, бо истифода аз воситаҳои муосир ва сифатан нави корбарӣ ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил мегарданд.
Бояд қайд намоям, ки нисбат ба солҳои пешин дастовардҳои ин ниҳоди пурқудратудрат беҳтар гардида, он аз сатҳи баланди донишҳои касбии хизматчиён ва тадбирҳои саривақтии роҳбарият дарак медиҳад.
Дар ин лаҳзаҳои идона бояд хотиррасон намоям, ки кормандони шуъба дар ошкор ва пешгирии ҳама гуна қонунвайронкуниҳо, баргузор намудани чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва ҷашнҳои давлативу миллӣ чун ёвару ҳомии ҳақиқии аҳли ҷомеа дар бари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дошта, миёни сокинон соҳиби эҳтироми хоса мебошанд.
Равшан аст, ки солҳои охир вазъи сиёсиву иҷтимоии ҷаҳон хеле вазнин ва пешгӯинашаванда арзёбӣ мегардад. Дигаргуниҳои ҳамарӯзаи олам, афзудани ҷиноятҳо, терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир хатарҳои бештар касб намуда, бар дӯши кормандони милитсия вазифаҳои боз ҳам пурмасъулро вогузор менамояд.
Албатта, изҳори боварӣ мекунем, ки дар чунин марҳилаи ҳассос кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом низ аз афсарони баландрутба то хизматчиёни қаторӣ минбаъд низ барои ҳифзи тартибот, таъмини зиндагии осоиштаи мардум, пуштибонии сулҳу субот ва таҳкими волоияти қонун дар ҷомеа тамоми нерӯи ҷисмонӣ,
маҳорати касбӣ ва донишу малакаи худро дареғ намедоранд ва ба халқу Ватани азизамон беғаразона, бо дасту дили пок ва содиқонаву софдилона бо азму иродаи қавӣ хизмат менамоянд.
Бо чунин ниятҳои самимона бори дигар, ҳамаи Шумо - кормандони милитсия ва собиқадорони соҳаро ба муносибати иди касбиатон – Рӯзи кормандони милитсия самимона табрику таҳният гуфта, бароятон саломативу сарбаландӣ, бахту саодат ва дар ҷодаи хизмати бошарафона барору бурдбориҳо орзумандам.
Ид муборак, ҳомиёни Ватан!
Возможно, это изображение 1 человек
Возврат к списку новостей