Посетители
4226067
Сегодня
54
На этой неделе
617
В этом месяце
183
Итого
4226067
25.10.2023
Ҷоизасупорӣ ба ғолибон
Тавре, ки равшан аст, имсол бо Фармони Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат 3 озмунҳои ҷумҳуриявӣ барои китобхонҳо, илмдӯстон ва барои донандагони китоби "Тоҷикон" доир гардида, дар он аз толибилмону донишҷӯён сар карда, тамоми қишрҳои ҷомеа иштирок доштанд.
Инак даври шаҳрии озмунҳои мазкур ба анҷом расида, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бо иштироки Раиси шаҳр Абдусалом Тӯхтасунзода маросими ботантанаи ҷоизасупорӣ ба ғолибон доир гардид. Мувофиқи шаҳр 348-нафар дар озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", 549-нафар дар озмуни "Илм фурӯғи маърифат" ва 192-нафар намояндагони касбу кори гуногун дар озмуни "Тоҷикон - оинаи таърихи миллат" иштирок намуданд. Аз инҳо 81 нафар дар озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст, 107-нафар дар озмуни "Илм фурӯғи маърифат" ва 24-нафар дар озмуни" Тоҷикон - оинаи таърихи миллат" ғолиб дониста шуданд. Ба иштирокчиён ва устодону омӯзгорони онҳо мукофотҳои пулӣ ва сипосномаҳои Раиси шаҳр супорида шуд.
Шаҳрдор зимни суханронӣ дар ҷамъомад наврасону ҷавонон, омӯзгорон ва кулли ғолибонро бо ин дастоварди шоиста табрик гуфта, ҳар яки онҳоро ба китобхонӣ, доимо сайқал додани илму дониш ва аз худ намудани таъриху фарҳанги миллат, забондониву маърифатнокӣ даъват намуд. Раиси шаҳр қайд кард, ки шахсони соҳибилму бомаърифат ва китобхону илмдӯст доимо таҳти ғамхорӣ ва таваҷҷӯҳи давлату Ҳукумат, хоса Пешвои миллат қарор дошта, баҳри расидан ба қуллаҳои баланди маърифату дониш тамоми шароиту имкониятҳо фароҳам аст.
Дар ҷамъомад чанде аз иштирокдорон, хонандагони ғолиб, устодону омӯзгорон низ ба сухан баромада, барои ин таваҷҷӯҳ ва ҳавасмандгардонӣ арзи сипос ва қаноатмандии хешро иброз доштанд.
Мудири шӯъбаи маорифи шаҳр, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б.Ҷабборӣ зимни баромади худ қайд кард, ки дар даври вилоятии ин 3 озмунҳо низ довталабони шаҳри Конибодом иштирок карда, 3 нафар дар озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", 6-нафар дар "Илм фурӯғи маърифат" ва 1 нафар дар озмуни "Тоҷикон - оинаи таърихи миллат" ғолибият ба даст оварданд.
Дар даври ҷумҳуриявии озмунҳо ҳам ба довталабони шаҳрамон ғолибият ва сарбаландӣ мехоҳем.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?