Посетители
4226067
Сегодня
54
На этой неделе
617
В этом месяце
183
Итого
4226067
21.10.2023
Аз майдони меҳнат
Имрузҳо пахтакорони меҳнатқарини шаҳрамон баҳри ҷамъоварӣ намудани дастранҷи хеш - ҳосили фаровони пахта ҳамаруза заҳмат мекашанд. Намояндагони касбу кори гуногун, сокинон ва ҳашарчиёни ҳимматбаланд низ дар замини пахтазор баҳри ҳарчи зудтар ғундошта гирифтани ҳосил ба деҳқонон кӯмак мерасонанд.
Дирӯз муовинони Раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо ва Зайнура Азимӣ бо мақсади ошноӣ бо корҳои саҳроӣ ва ҷараёни ҷамъоварии ҳосили пахта ба шаҳрамон ташриф оварданд. Меҳмононро Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода пазироӣ ва ҳамроҳӣ дошт. Онҳо аз аксарияти хоҷагиҳои кишоварзӣ дидан намуда, ҳамроҳи намояндагони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фаъолзанон, кумитаҳои маҳаллӣ, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр пахта чиданд.
Муовини Раиси вилоят Зариф Мирдадо аз ҳосили фаровони рӯёнидашуда ва дастовардҳои аввалини кишоварзони шаҳри Конибодом изҳори қаноатмандӣ намуд ва дар иҷрои ҳарчӣ зудтари нақшаи солона ба деҳқонон барор хост.
Муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ аз ҳамаи намояндагони ташкилоту муассисаҳо, бонувони хонашин ва сокинони шаҳр даъват ба амал овард, ки дар ғундоштани дастранҷи деҳқон саҳмгузор бошанд ва ба ин васила барои ба даст овардани даромади иловагӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Алҳол дар пайравӣ ба ғолибони пешсаф - ҷамъияти саҳҳомии ба номи Э.Бойматова тамоми хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр низ бо азми қавӣ кӯшиш доранд, ки ба фатҳи марра бирасанд.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?