Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4249371
Сегодня
23
На этой неделе
464
В этом месяце
6699
Итого
4249371
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

19.10.2023

Аз мулоқотҳо бо сокинон

Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода имрузҳо дар тамоми гӯшаву канори шаҳр, ташкилоту муассиса, ҷамоатҳои деҳот, кумитаҳои маҳаллӣ ва соҳаҳои гуногун ҷамъомадҳо ҷиҳати тарғибу ташвиқи масъалаҳои муҳими ҷомеа баргузор шуда истодааст.
Аз ҷумла дар МТМУ25 ҳамин гуна мулоқот бо сокинони маҳаллаи Подаҷо ва волидони хонандагони мактаб доир гардид. Дар оғоз намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Ш.Валиева оид ба тамоми масъалаҳои мубрами рӯз, пешгирии терроризм ва экстремизм, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, касбомӯзии ҷавонон, тарбияи ҳарбӣ - ватанпарастии наврасону ҷавонон, маърифатнокӣ, забондонию донишандӯзии насли наврас, оилаву оиладорӣ ва ғайраҳо ҳарф зад. Қайд гардид, ки асоси ҳамаи ин масъалаҳои муҳими ҷомеаро, пеш аз ҳама тарбия, оила ва ҳидояти дурусти падару модар, дарсу тарбияти омӯзгор ташкил медиҳад.
Сипас корманди шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳр М.Ҷӯраева, муовини Раиси комиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Ф.Шерматова, корманди тандурустии шаҳр Т.Қурбонова, корманди ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом Д.Ализода, имомхатиби шаҳр А.Аброров вобаста ба самтҳои фаъолияти худашон, аз ҷумла омилу сабабҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон, сатҳи пасти тарбияи дурусти фарзандон, пешгирии ба ҷинояткорӣ даст задани занону бонувон, ҷинояткории ноболиғон, аҳамият додан ба саломатӣ ва ғизои солим, барои то 2 сол захира намудани маводи хурокворӣ, маълумоти дурусти динӣ надоштани баъзе шаҳрвандон, дурӣ аз бегонапарастӣ ва фарҳангу либоспӯшии бегона ва ба ҳамин монанд мавзӯҳои доғи рӯз бо таҳлилу андешарониҳои судманд баромад карданд.
Сокинон низ дар мавриди мавзуҳои баррасишуда андешаҳои хешро иброз дошта, қайд карданд, ки решаи ҳамаи ин тарбияву ахлоқи ҳамида нахуст аз оила ва рафтори падару модар об мехурад. Мо бояд пеш аз ҳама фарзандонро дар оила тарбия намоем, хубу бадро, расидан ба қадри тинҷиву ваҳдати ватанро барояшон доимо талқин созем.
Ҳамин тавр мулоқот бо саволу ҷавобҳо ва суханрониҳо судманду хотирмон анҷом пазируфт.
Возможно, это изображение 7 человекВозможно, это изображение 8 человекВозможно, это изображение 7 человекВозможно, это изображение 6 человекВозможно, это изображение 5 человекВозможно, это изображение 8 человекВозможно, это изображение 7 человекВозможно, это изображение 3 человекаВозможно, это изображение 5 человекВозможно, это изображение 6 человек, люди учатся и текстВозможно, это изображение 4 человекаВозможно, это изображение 6 человек и люди учатсяВозможно, это изображение 8 человек и помостВозможно, это изображение 4 человекаВозможно, это изображение 4 человекаВозможно, это изображение 5 человек
Возврат к списку новостей