Посетители
4226065
Сегодня
52
На этой неделе
615
В этом месяце
181
Итого
4226065
04.10.2023
Гусели ҷавонписарон ба Артиш
Инак, аз 1-уми октябр даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Ба ин муносибат дар шаҳри Конибодом аввалин гурӯҳи ҷавонписарон ба сафи Артиш дар вазъияти тантанавӣ гуселонида шуданд. Даъватшавандагони ихтиёрӣ, ҷавонон, донишҷӯёну хонандагони аълохон ва фаъолони шаҳр дар даст парчам ва шиорҳои ифтихорӣ дар ҳудуди шаҳр раҳпаймоӣ намуда, ба майдони Исмоили Сомонӣ ҷамъ омаданд. Рӯзи даъватшаванда бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардида, сараввал Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода кулли наваскаронро бо ин рӯзи хотирмон шодбош гуфт ва зикр дошт, ки хизмат ба Ватан масъулияти баландтарину рисолати аввалиндараҷаи ҷавонмард аст. Ва имрӯз давлат ба нерӯйи пурқудрати Артиши миллӣ, садоқату ҷавонмардии муҳофизони шуҷои Ватан эътимод дорад.
Дар тантана комиссари ҳарбии шаҳр Муҳиддинзода Б., Раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Н.Ғаниев ва худи даъватшавандагон ба сухан баромада, ҳифзи марзу буми кишварро таҷрибаи беназири мардонагиву ҷасорат, ифтихору шуҷоат маънидод карданд. Ҷавонписарон низ дар навбати худ ҳамагонро дилпур сохтанд, ки барои тинҷиву ободии ватани азиз ва осудагии ҳамватанони хеш чун пайравони содиқи Пешвои миллат садоқатмандона дар сафи Артиш хизмат мекунанд.
Дар ҷараёни тантана ба фаъолону ҷавонон, кормандони касбу кори гуногун барои саҳми арзандаашон дар таҷлил ва баргузории паради ҳарбӣ ба ифтихори 30 солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳию ва 32 солагии Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосномаҳои Раиси шаҳр ва тӯҳфаҳои хотирмон супорида шуд.
Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода, Прокурори шаҳр Арбобзода М. ва Раиси суди шаҳр Абдуғаффорӣ А. аз ҷониби Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Медали ҷашнии 30 солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Баъдан маросими анъанавии нонгазон аз тарафи модарони наваскарон гузаронида шуда, даъватшавандагон бо орзуву ниятҳои нек ба хизмати Ватан сафарбар гардиданд.
Дар анҷом барномаи рангини фарҳангӣ ва таронаҳои дилошӯби ватандӯстонаи аҳли ҳунар пешкаш карда шуд.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?