Председатель города
Тухтасунзода Абдусалом
Посетители
4272748
Сегодня
120
На этой неделе
1096
В этом месяце
1874
Итого
4272748
29.09.2023
Аз толори иҷлосия
Таҳти раёсати Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом иҷлосияи шонздаҳуми маҷлиси вакилони халқи шаҳр баргузор гардид. Дар иҷлосия вакилон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолони шаҳр иштирок доштанд.
Пас аз садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон котиботи иҷлосия дар ҳайати 3 нафар интихоб карда шуд.
Сипас Раиси шаҳр вакилон ва ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа ошно намуд. Ба муҳокимаи иҷлосия 5 масъала, яъне рафти иҷроиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025", ҳисоботи комиссияи доимӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сиҳатии омма, ҳифзи табиат, масоили оила ва занон, ахбороти вакил оид ба ваколати вакилӣ, оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ ва масъалаи охирин тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳр гузошта шуд.
Аз рӯйи масъалаҳои мазкур шахсони дахлдор, аз ҷумла директори маркази таълими калонсолони шаҳр Заррина Раҳимҷонова, сардухтури шаҳр Ҳусейнбой Самиев, муовини Раиси шаҳр Наимҷон Қодирӣ, вакил аз ҳавзаи интихоботии "Маданият 32" Ашӯров Турғунбой, Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр Сафарбег Қудратуллозода баромад карда, вобаста ба мавзӯъ ахбороти муфассал доданд.
Мувофиқи масъалаи 4-уми рӯзнома, яъне оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ бо ҳамовозии вакилон кӯчаи Янги ободи ҷамоати деҳоти ба номи Р.Ҳамробоев ба номи Навобод иваз карда шуд.
Сипас якчанд қарорҳои Раиси шаҳр вобаста ба масоили мухталиф бо овоздиҳии вакилон тасдиқ карда шуд.
Дар кори иҷлосия намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Сардори Агентии раёсати меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд Шермуҳаммад Нодирӣ иштирок ва суханронӣ намуда, дар бораи ба касбомӯзӣ ҷалб намудани ҷавонону шаҳрвандон, васеъ намудани имкониятҳои мавҷудаи таълимӣ дар коллеҷу литсей ва марказҳои касбомӯзӣ ба масъулин тавсияҳо дод.
Дар анҷом Раиси шаҳр кори иҷлосияро ҷамъбаст карда, дар назди вакилон ва фаъолони шаҳр ҷиҳати иҷрои саривақтии масъулиятҳои дарпешистода, тақвият ва таҳкими амалҳои ватандӯстона, саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти ҷомеа ва боз ҳам беҳтаргардонии некӯаҳволии сокинон дастуру супоришҳо дод.
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?