Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4218920
Сегодня
64
На этой неделе
2594
В этом месяце
5141
Итого
4218920
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

08.09.2023

Ҷашни Истиқлол муборак!

Имруз 8-сентябр ба ифтихори 32-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Конибодом паради ҳарбӣ баргузор шуд. 
       Қабл аз гузашти низомӣ, хизматчиёни ҳарбӣ​ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун рамзи муқаддас аз назди иштирокчиёни паради ҳарбӣ гузаронида, дар сафи пеши дастаҳо қарор доданд.
     Сипас ба Раиси шаҳр Абдусалом Тӯхтасунзода  фармондеҳи паради ҳарбӣ –командири қисми нищомии 04080, полковник Ализода Саидҷамол оид ба омодагии қисму воҳидҳои ҳарбӣ ба гузашти низомӣ гузориш дод.
Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода дар назди ҳозирин бо суханҳои шодбошӣ баромад карда, аз дастовардҳои 32 соли Истиқлоли давлатӣ, саҳми Пешвои миллат, Президенти мамлакат дар ободиву шукуфоии ватан ва дар бораи қудрату тавоноии нерӯманди Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихор суханронӣ намуд ва кулли сокинони шаҳрамонро ба муносибати 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфт.