Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4218924
Сегодня
68
На этой неделе
2598
В этом месяце
5145
Итого
4218924
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

08.09.2023

Паёми табрикии Раиси шахри Конибодом

Паёми табрикии
Раиси шаҳри Конибодом муҳтарам Абдусалом Тӯхтасунзода ба муносибати 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

      Ҳамдиёрони азиз! 
      Ҳамаи Шумо - сокинони шарафманди шаҳри азизамонро бо фарорасии санаи таърихии 32-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон самимона муборакбод гуфта, бароятон тани баофият, рӯзгори ободу осуда, саодату пирӯзӣ ва суруру шодмонӣ таманно дорам. 
      Барои халқи тоҷик Истиқлоли давлатӣ неъмати бебаҳо, нишонаи ҳуввият ва озодӣ, ифтихору номус, рамзи саодату хушбахтӣ ва тантанаи орзуву ормонҳои дерина мебошад.
      9-сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлоли давлатии худро эълон карда, дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҳамчун кишвари мустақилу соҳибихтиёр арзи ҳастӣ намуд ва ба як марҳилаи хоси таърихӣ ворид шуд, бо ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваст.
      Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин неъмати бузургро чунин тафсир намудаанд: "Истиқлоли давлатӣ арзишмандтарин комёбии халқи тоҷик дар охири асри бист ба ҳисоб рафта, Тоҷикистони азизамон маҳз ба туфайли он ҳамчун узви пайвастаи ҷомеаи ҷаҳон эътироф ва мавқеи шоистаи хешро дар байни кишварҳои мутамаддин соҳиб гардид."
      Воқеан ҳам, роҳи тайнамудаи таърихӣ дар давоми 32 сол барои мардуми мо осон набуд, зеро кишвари азизамон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи дасисаву ҷудоиандозиҳои хоинони миллат ба мухолифатҳои шадиди дохилӣ рӯ ба рӯ шуда, Тоҷикистон дар ҳолати парокандагӣ қарор дошт. Душманони миллат мехостанд ба ҳар роҳу восита давлати навбунёди тоҷиконро аз харитаи сиёсии ҷаҳон маҳв созанд. Маҳз дар чунин рӯзҳои ҳассос фарзанди фарзона ва сарсупурдаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат омаданд, ки рисолати таърихии худро бо шиори “Ман ба Шумо сулҳ меорам” оғоз намуданд ва умеди мардумро дубора ба ояндаи дурахшони кишвар зинда намуданд. 
      Дар натиҷаи фароҳам омадани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати сартосарӣ таҳти ҳидояту раҳнамоиҳои Роҳбари ватансозу хирадманди тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ба даст овардани  истиқлолу ободии кишвар, барпо кардани ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистони ҷавон қадамҳои боэътимод гузошта шуд. Ва инак, 32 сол аст, ки сарзамини офтобиву ҳамешаҷавони мо хонаи умеди тоҷикистониён ва кулли тоҷикони ҷаҳон гардида, ба як мамлакати ободу рӯ ба рушд табдил ёфт.
      Имрӯз сокинони шаҳрамон чун тамоми мардуми бошарафи Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ободии рӯзафзуни Ватани маҳбубамон талош варзида, барои дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани шӯҳрати кишварамон сарбаландонаву содиқона меҳнат мекунанд. 
      Дар заминаи татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллат - 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаву канори шаҳри бостониамон бунёди иншооти гуногуни ҷашнӣ идома дошта, ин амалҳои созанда дар рушду шукуфоӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум мусоидат хоҳад намуд.
     Итминони комил дорам, ки мардуми шарафманди шаҳрамон бо дарки баланди масъулиятшиносӣ, ватану ватандорӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ дар ҳифзу гиромидошти арзишҳои волои истиқлолу озодии Ватан саҳми равшан хоҳанд гузошт.
    Бори дигар, ҷашни шукӯҳманди таърихӣ - солгарди 32-юмини Истиқлоли давлатиро ба кулли ҳамшаҳриёни азиз сидқан табрик гуфта, саломативу саодатмандӣ, хотири ҷамъ, рӯзгори пур аз файзу баракат ва ба Ватани азизамон Тоҷикистон хуррамиву пешрафтҳои тоза таманно менамоям.
       
 

Возврат к списку новостей