Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4218924
Сегодня
68
На этой неделе
2598
В этом месяце
5145
Итого
4218924
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

14.08.2023

Идомаи корҳо дар самти татбиқи​ лоиҳаи беҳтарсозии вазъи обрасонӣ дар Конибодом

3 август Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Конибодом ҷараёни татбиқи лоиҳаи беҳтарсозии вазъи обрасониро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.
Бояд қайд кард, ки дар доираи амалишавии “Барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳри Конибодом барои солҳои 2021-2025” ва бо мақсади таъмин намудани заминҳои кишоварзии Ҷамоати деҳоти ба номи Р.Ҳамробоев бо оби полезӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон​ 28000 метр қубурҳои оҳанини қутраш 530 мм ҷудо карда шуда, корҳо дар ин самт идома дорад.​
Зимни шиносоӣ ба роҳбари вилоят маълумот дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ ва васлкунӣ идома дошта, то имрӯз зиёда аз 9000 метр қубурҳо хобонида шудааст.
Раиси вилоят ба роҳбарияти шаҳр ҷиҳати анҷоми босифати корҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.​
Дар идома роҳбари вилоят аз майдони пахтазори чанде аз хоҷагиҳои кишоварзӣ боздид намуда, бо кишоварзон суҳбат кард. Таъкид карда шуд, ки бояд ҳар порча замин самаранок истифода бурда шуда, дар заминҳои холимонда кишти такрорӣ гузаронида шавад. Деҳқонон низ аз зарурияти истифодаи мақсадноки заминҳо ёдовар шуда, таъкид карданд, ки барои гузаронидани​ кишти такрорӣ меҳнат намуда истодаанд. Тибқи маълумоти масъулин аз тарафи кишоварзони шаҳр то имрӯз​ дар 2736,9 га кишти такрорӣ гузаронида шудааст.
Возможно, это изображение 1 человекНет описания фото.Возможно, это изображение траваВозможно, это изображение 4 человекаВозможно, это изображение 3 человекаНет описания фото.Возможно, это изображение 3 человекаВозможно, это изображение 3 человека и текстВозможно, это изображение 7 человек, фрукт, дерево и текст
Возврат к списку новостей