Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4240848
Сегодня
83
На этой неделе
717
В этом месяце
1853
Итого
4240848
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

10.08.2023

Паёми табрикии Раиси шаҳри Конибодом мӯҳтарам Абдусалом Тӯхтасунзода ба муносибати Рӯзи варзишгарон

Варзишгарони арҷманд!
Ҳамасола ҳамчун анъана санаи 10 август, дар кишвари соҳибистиқлоламон Рӯзи варзишгарон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ин санаи фархундаро ба ҳар яки шумо - варзишгарон, собиқадорону мураббиён ва кормандони соҳаи варзиши шаҳр табрику таҳният гуфта, бароятон саодати рӯзгор, тансиҳативу хонаободӣ, муваффақият ва дастовардҳои калони варзиширо таманно дорам.
Варзиш қосиди сулҳу ваҳдат аст. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд, «Варзиш омили тавоноӣ, таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории халқияту давлатҳо мебошад». Қобили зикр аст, ки ҳанӯз аз замонҳои қадим мардуми мо ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш рағбати зиёд дошта онро ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ, ташаккули ҷисмониву маънавӣ ва мустаҳкам намудани дӯстӣ байни қавмҳо васеъ истифода менамуданд.
Боиси ифтихор аст, ки нуфузи тарбияи ҷисмонию варзиш сол то сол боло рафта, таваҷҷӯҳи давлату Ҳукумат низ ба ин соҳа бештар ва дар ин замина дастовардҳои варзишгарон дар мусобиқаҳои сатҳи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва ҷаҳонӣ меафзояд. Қабул гардидани якчанд Барномаҳои давлатӣ, таъсис додани стипендияҳо, ҷоизаҳо, грантҳои президентӣ ва сохта ба истифода дода шудани даҳҳо иншоотҳои муҳташами варзишӣ аз таваҷҷуҳи хосаи давлату Ҳукумати кишвар нисбати рушду такомули варзиш шаҳодат медиҳад.
Бояд қайд намуд, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди шаҳри Конибодом ва ҷамоатҳои деҳот даҳҳо иншооти варзишӣ қомат афрохта, дари худро ба рӯйи дӯстдорони варзиш боз намудаанд. Дар шаҳрамон барои ҳаводорони варзиш 2 варзишгоҳ, 170 майдончаҳои варзишӣ, 65 толорҳои варзишӣ, 2 ҳавзҳои шиноварӣ ва 10 иншооти махсуси варзишӣ хизмат менамоянд. Худи дар нимсолаи аввали соли равон дар шаҳр 3 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 2 майдончаи варзишӣ ва 1 толори варзишӣ бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва кумитаи падарону модарон сохта ба истифода дода шуд. Ҳама шароитҳои мусоид барои таъмини оммавияти варзиш, ҷалби ҷавонону наврасон ба тарбияи ҷисмонию варзиш, омода намудани варзишгарони касбӣ ва дар маҷмӯъ барои тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҳама гуна падидаҳои номатлуб дар байни ҷомеа нигаронида шудааст.
Итминони комил дорам, ки минбаъд низ варзишгарони шаҳр барои ноил гардидан ба дастовардҳои бузурги варзишӣ ҷидду ҷаҳд намуда, обрӯ ва нуфузи шаҳри бостониамонро шоиста муаррифӣ хоҳанд кард.
Бори дигар бо самимияти бепоён кулли варзишгарони шаҳрро ба ифтихори Рӯзи варзишгарон муборакбод гуфта, бароятон бурдбориву комёбиҳои беназир таманно дорам.
Ҳамеша сарбаланду дастболо бошед!
Раиси шаҳри Конибодом
Абдусалом Тӯхтасунзода
Возможно, это изображение 1 человек
Возврат к списку новостей