Посетители
4218924
Сегодня
68
На этой неделе
2598
В этом месяце
5145
Итого
4218924
29.07.2023
Аз толори иҷлосия
Таҳти раёсати Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода иҷлосияи 15-уми маҷлиси вакилони халқи шаҳр даъвати 6-ум баргузор гардид. Пас аз садо додани суруди миллӣ иҷлосия ба кори худ шурӯъ намуда, нахуст бо овоздиҳии вакилон котиботи ҷаласа дар ҳайати 3 нафар интихоб карда шуд.
Ба муҳокимаи ҷаласа масъалаҳои таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ, ҳисоботи раиси комиссия оид ба масъалаҳои саноат, сохтмон, алоқа ва хоҷагии рифоҳӣ, ҳисоботи ваколати вакилӣ, номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ, қабули қарорҳои Раиси шаҳр ва ғайраҳо гузошта шуда, мавриди баррасӣ ва муҳокимаи вакилон қарор дода шуд.
Аз рӯйи ин масъалаҳо шахсони масъул, аз ҷумла муовини Раиси шаҳр Н.Қодирӣ, М.Ҷӯраев, вакил аз ҳавзаи интихоботии Дӯстӣ 14 Т.Ғафурова, Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр С.Қудратуллозода баромад намуда, оид ба масъалаҳои дахлдор бо маърӯзаҳо баромад карданд. Дар масъалаи таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ қайд карда шуд, ки бо назардошти ҳавои гармои тобистон ҳар як маҳсулоти озуқаворӣ ҳар рӯз аз ташхис ва санҷиш гузаронида шуда, тамоми маҳсулоти ба бозори истеъмолии шаҳр воридшаванда таҳти назорат қарор дорад. То ки сифати ҳар маҳсулот аз ҷиҳати стандартӣ, мӯҳлати истеъмоли маҳсулоти ғизоӣ ва ба саломатӣ безарар будани он дар вақташ таъмин бошад. Аз тарафи маркази ташхис ва таъмини бехатарии маҳсулоти озуқавории шаҳр 95 326 адад маҳсулоти гӯштӣ, ширӣ, асал, меваю сабзавот, маҳсулоти консервагӣ ва ғайраҳо аз ташхис гузаронида шуда, маҳсулоти пастсифат муайян ва аз фурӯш боздошта шуданд. Аз ҷумла 449 кг шир, 495кг моҳӣ, 2308 дона тухм бинобар бесифат буданаш аз фурӯш бардошта шуд. Дар маҷмӯъ аз тарафи масъулин 2670 маротиба рейдҳои санҷишии маҳсулоти ғизоӣ гузаронида шуда, фурӯшандагони чунин маҳсулоти пастсифат ҷаримабандӣ гардиданд. 237 намуна маҳсулоти кишоварзӣ ва хӯрокворӣ аз озмоишгоҳи ташхисӣ гузаронида шуда, аз он 69 намуна ҳамчун маҳсулоти ғайристандартӣ дониста шуданд.
Ҳамин тариқ зимни иҷлосия тамоми масъалаҳои рӯзнома баррасӣ гардида, вакилон бо овоздиҳии умумӣ вобаста ба масъалаҳои муҳокимагардида раъй доданд.
Дар кори иҷлосия намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори бозрасии таъмини бехатарии озуқавории вилояти Суғд Бобозода Маҳмудҷон иштирок ва баромад карда, вобаста ба таъмини маҳсулоти хушсифат дар бозорҳо ва риояи меъёрҳои сифатнокии маҳсулоти ғизоиро аз масъулин талаб намуд.
Ҳамчунин ба номи нави Истиқлол, Сомониён, ба номи рузноманигор Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад номгузорӣ шудани баъзе номи кӯчаву деҳаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, оид ба тамоми масъалаҳо бо ҳамраъйии вакилон қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Раиси шаҳр Абдусалом Тӯхтасунзода дар анҷом кори иҷлосияро ҷамъбаст намуда, дар пешбурди фаъолияти вакилӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ободониву бунёдкории шаҳр, татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат ба вакилон барор хост.






























Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?