Председатель города
Тухтасунзода Абдусалом
Посетители
4264263
Сегодня
42
На этой неделе
239
В этом месяце
784
Итого
4264263
25.07.2023
Вусъат додани тадбирҳо дар самти ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ
Бо супориши Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода бо мақсади фаҳмонидани паҳлӯҳои мухталифи гузариш ба пардохти ғайринақдӣ, ки тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-августи соли равон амалӣ мегардад, дар кумитаҳои маҳаллӣ ва ҷамоатҳои деҳот вохӯриву мулоқотҳо доир шуда истодааст.
Мулоқоту ҷамъомадҳо таҳти роҳбарии мудири шӯъбаи иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр И.Ҳомидӣ ва бо иштироки кормандони нозироти андози шаҳр, филиали бонки давлатии "Амонатбонк" дар шаҳри Конибодом гузаронида шуда, мутахассисон дар байни аҳолӣ пайваста моҳияти пардохти ғайринақдиро ба сокинон шарҳ медиҳанд.
Тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 августи соли равон пардохти ҳамаи андозҳо ва боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасонии коммуналӣ ва дигар намуди хизматрасонии давлатӣ ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда мешавад.
Барои иҷрои ин тадбир сокинон бояд бо худ кортҳои бонкӣ дошта, аз телефонҳои мобилӣ ва интернет хуб истифода бурда тавонанд. Мутахассисон зимни сӯҳбат тарзи боргирӣ (скачать) намудани барномаҳои махсуси бонкӣ (приложение)-ро ба сокинон фаҳмонида, ба саволу пурсишҳои онҳо посухҳо доданд.
Мулоқоту ҷамъомадҳо дар ҷамоатҳои деҳоти Лоҳутӣ, Куҳандиёр, Ҳамробоев, муассисаҳои таълимии рақами 33, 10, 25, 21, 16, деҳаи Равоти ҷамоати деҳоти Пӯлодон, Беморхонаи марказии шаҳр, муассисаҳои КАТС ва ғайраҳо гузаронида шуда, дар дигар маҳаллаву деҳоти шаҳрамон идома дорад.
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?