Посетители
4218923
Сегодня
67
На этой неделе
2597
В этом месяце
5144
Итого
4218923
18.07.2023
Оғози сафари корӣ дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ
18 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҳамоиши нахустини Шӯрои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои халиҷи Араб вориди шаҳри Ҷиддаи Подшоҳии Арабистони Саудӣ шуданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Ҷидда ба номи Шоҳ Абдулазиз меҳмони олимақом - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Амири музофоти Маккаи Мукаррама, мушовири Шоҳи Арабистони Саудӣ Шоҳзода Холид ал-Файсал ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Ба хотири пазироии меҳмони олиқадр саҳни фурудгоҳ идона ороста шуда, аз ду канори роҳрави махсус аскарони Қаровули фахрӣ саф кашида буданд.
Дар назар аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 19 июл дар шаҳри Ҷидда дар нишасти нахустини сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои халиҷи Араб иштирок ва суханронӣ мекунанд.
Дар доираи ин сафари корӣ мулоқоти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Валиаҳди Подшоҳи Арабистони Саудӣ Шайх Муҳаммад ибн Салмон ва дигар намояндагони воломақоми Подшоҳии Арабистони Саудӣ доир мегардад.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?