Посетители
16.04.2016
Ба хотири гиромидошти халқи рус
Имрӯз бахшида ба Иди насрониҳо ва «Ҳафтаи поси хотир» дар оромгоҳе, ки миллати маскуни русҳо мадфун гаштаанд, амали нек ба иҷро расонида шуд. Он бо иқдоми шаҳрдорӣ ба роҳ монда шуда, ба ҳашари умумӣ табдил ёфт. Субҳи барвақт сокинони шаҳр хурду бузург дар ин мавзеъ ҷамъ омада, дар оромгоҳ як қатор корҳои ободониро ба сомон расониданд. Аз ҷумла, сафедкуниву рангубори қабрҳо, баровардани партовҳо, батартибдарорӣ ва дигар корҳои ободонӣ ба анҷом расонида шуд. Дар шанбегӣ махсусан, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раёсатҳои кишоварзӣ, молия, маориф, тандурустӣ, коллеҷу литсейҳо ва сокинони кумитаҳои маҳаллии ҳудуди шаҳр иштироки фаъолона доштанд. Чуноне ки иштирокдорони ин иқдом иброз доштанд, ин амал басо саривақтиву хайр маҳсуб ёфта, дар ниҳоди насли ҷавон ҳисси некбинӣ, эҳтиром ва дӯстию рафоқатро нисбати халқи рус бедор мекунад. Шанбегӣ то дер давом ёфта, ба гиромидошти миллати дӯсту бародари рус нигаронида шуд.
Бояд қайд кард, ки мардуми русзабон, хусусан, онҳое, ки солҳои зиёд дар шаҳр кору зиндагӣ доштанд, дар пешрафти хоҷагии халқи шаҳр саҳми босазо гузоштаанд. Хоса, қаҳрамониҳои ҷавонмардони рус дар майдони корзори ҶБВ ва ҳам ақибгоҳ басо назаррас аст. Бинобар он. арҷгузорӣ ба кору пайкор, хизматҳои шоён ва ба некӣ ёдоварӣ намудан аз халқи рус амали хайр ва амри воҷиб ба шумор меравад.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?