Посетители
4203659
Сегодня
44
На этой неделе
653
В этом месяце
1149
Итого
4203659
13.05.2023
БО ҲАМДАСТӢ АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМ
Вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро , роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ ва тақвият бахшидани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстӣ мулоқоти судманди гурӯҳи кории вилояти Суғд дар ҷамоатҳои деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоев ва Куҳандиёри шаҳри Конибодом доир гардид. Дар мулоқот муовини Раиси шаҳр З.Ғафурзода, роҳбари гурӯҳи тарғиботӣ - муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Замира Мансурӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Юлдошев Рустамҷон, сардори шӯъбаи шаҳрии Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом Ҷ.Ҷабборов, сардори ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом Сайфзода С.М. иштирок намуда, бо сокинон бобати масъалаҳои муҳими ахлоқиву тарбиявӣ, роҳ надодан ба амалҳои номатлуб сӯҳбат доштанд.
Эктремизм ва терроризм мавзӯи доғи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, бинобар гумроҳӣ ва бесаводӣ гаравидан ба гурӯҳҳои ифротгаро аксарияти кишварҳои оламро ба вартаи ҷангу хатар гинифтор кардааст. Зимни суханрониҳо ба ҷавонон, падару модарон ва сокинон аҳамияти ҷиддӣ додан ба тарбияи фарзандон, дуруст истифода бурдан аз шабакаҳои интернетӣ, бо шуғл ва касбомӯзӣ фаро гирифтани ҷавонону наврасон ва аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ таъкид карда шуд.
Вохӯрӣ бо саволу ҷавобҳо ва мубодилаи афкор судманд сурат гирифт.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?