Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4203658
Сегодня
43
На этой неделе
652
В этом месяце
1148
Итого
4203658
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

09.05.2023

Паёми шодбошии Раиси ш. Конибодом муҳтарам Абдусалом Тӯхтасунзода бахшида ба 78-солагии Рӯзи Ғалаба

Возможно, это изображение 1 человек, отдел новостей, офис и текстҲамшаҳриёни азиз!
Падарони ҷанговар ва собиқадорони меҳнати ақибгоҳ!
Рӯзи 9-май ба рӯйдоди муҳими таърихи инсоният – Ғалаба бар фашизм 78-сол пур мешавад ва ин ҷашнро тамоми мардуми сарбаланди кишвар дар радифи дигар сокинони сайёра ботантана қайд мкунанд. Ба ин муносибат ҷанговарони ҷасуру падарони диловар ва ҳар яки Шумо, сокинони шарафманди шаҳрамонро бо самимияти афзун табрику шодбош менамоям. Бароятон саломатии бардавом, рӯзгори шоду обод, файзу баракати хонадон ва ба сарзамини биҳиштосоямон Тоҷикистон сулҳу амонии ҷовидона таманно дорам.
Ҷанги дуюми ҷаҳон аз ҷумлаи фоҷиаҳои бузургтарини таърихи инсоният буд. Дар натиҷаи ин ҷанги хонумонсӯз ва нажодпарастона кишварҳои бисёре хароб, бештар аз 50-млн одамон қурбон ва садҳо миллион нафар аҳолии мамлакатҳои ба ҷанг кашидашуда ба маҳрумияту азоби тоқатшикан гирифтор гардиданд.
Ҷавонмардони шуҷову далери Тоҷикистон низ дар ин ҷанг мардона иштирок намуда, ба мақобили душмани ғаддор шабу рӯз ҷангидаанд. Қариб 300-ҳазор нафар фиристодагони тоҷикистонӣ барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми хеш дар набардҳои ҷангӣ шуҷоат ва корнамоиҳои бузург нишон додаанд. Аз ҷумла 6000 нафар ҷавонмардони диловар аз шаҳри Конибодом низ ба майдони ҷанг сафарбар гардида, аз онҳо 3000 нафар дар муборизаҳои шадиду хунин ҳалок гардидаанд. Ҳоло 2- нафар иштирокчиёни Ҷанги бузурги Ватанӣ Бурҳонбой Бердиев ва Абдуваҳҳоб Махкамов дар қайди ҳаёт буда, ҳамроҳу ҳамнафаси ҷомеа ва пирони ботадбири моянд.
Дар мисоли таҷрибаҳои фақат як шаҳри азизамон гуфта метавонем, ки нақши Тоҷикистон, муборизаҳои беамони фарзандони шуҷои он ва заҳмати шабонарӯзии ҳар як нафари дар ақибгоҳмонда баҳри ба даст овардани Ғалабаи бузург хеле назаррас аст. Агар дар солҳои ҷанг ақибгоҳи мустаҳкаму тавоно намебуд, ҳаргиз мо ба ғалаба намерасидем. Бо вуҷуди душвориҳои зиёд дар фурсати кӯтоҳтарин халқи тоҷик дар ақибгоҳ фаъолияти тамоми сохторҳои иқтисодии худро ба таъмини эҳтиёҷоти майдони ҷанг равона намуданд.
Конибодомиёни ҷасуру мубориз ҳам баробари садҳо ҷанговарони бонанги тоҷик дар майдони ин ҷанги хунин ҷонбозиҳо нишон дода, садҳо нафарашон бо ордену медалҳои гуногуни ҷангӣ, фидокорони меҳнати ақибгоҳ бошанд, бо медали “Барои меҳнати фидокорона дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ” ва 2-нафар фарзандони шуҷои шаҳрамон Неъмат Қарабоев ва Эргаш Шарипов бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ сарфароз гардонида шуданд, ки корномаи ҷангии онҳо боиси ифтихор ва намунаи баланди ватандӯстиву садоқатмандӣ барои ҳар як ҷавонмарди диёрамон мебошад.
Имрӯз хотираи родмардони шуҷоатманди шаҳри азизамон, ки баҳри зиндагии орому осудаи имрӯзаи мо ҷангида, дар майдони набард ба ҳалокат расидаанд, абадӣ дар ёди мо нақш бастааст ва дар ҳар як солгарди Иди Ғалаба, сӯҳбату ҳамоишҳои ватандӯстона номи ҷовидонаи онҳо вирди забонҳост. Минбаъд низ қаҳрамониҳои бемонанди падарону бобоёни мо ҳамчун намунаи олитарини садоқату матонат ва меҳанпарастӣ барои мо сабақи зиндагӣ хоҳад буд. Мо сари таъзим ба ёди ҷонбозиҳои онҳо фуруд оварда, ҳаргиз намегузорем, ки зиндагии осоиштаву ороми мо, кору зиндагии созандаву бунёдкоронаи моро нохалафони фитнаангез, иғвогарону бадхоҳони миллату давлат халалдор намоянд. Дар партави сиёсати оқилонаву ватандӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳидояту роҳнамоиҳояшон дар самти садоқатмандиву ҷоннисорӣ ба халқу Ватан давлати худро ободу зебо ва сарсабзу шукуфон мегардонем.
Бо чунин орзуву ниятҳои неки ватандӯстона бори дигар ҳар яки шумо – ҳамватанони азиз, бахусус собиқадорони меҳнати ақибгоҳ, падару бобоёни ҷасуру ҷанговар ва дар симои онҳо кулли сокинони шаҳрамонро бо 78-солагии Иди Ғалабаи бузург табрику муборакбод намуда, бароятон сарбаландиву шодмонӣ, саломативу иқбол, рӯзгори хушу обод ва ба Тоҷикистони ҳамешаҷавонамон шукуфоиву пешрафт таманно менамоям.
Иди Ғалаба муборак, ҳамшаҳриёни азиз!
Возврат к списку новостей