Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4615704
Сегодня
410
На этой неделе
4604
В этом месяце
10077
Итого
4615704
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

13.04.2016

Муаллими беҳтарини сол муаяйн шуд

Ҷамъияте, ки аз нури маонии дунёи омӯзгор баҳравар нест, торику мағшуш ва роҳи бе маслиҳати устод тайгашта беҳудагардист. Чуноне ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд, муаллим ақл, виҷдон ва симои асосии ҷомеа мебошад.

Бо мақсади арҷгузорӣ ба касби омӯзгорӣ, баланд бардоштани обрӯву нуфузи ӯ ва дарёфти соҳибистеъдодҳо дар толори Раёсати маориф даври шаҳрии озмуни «Муаллими сол-2016» баргузор гардид. Он рӯз даромадгоҳи бинои раёсат идгоҳро мемонд. Тамошобинону ҳаводорон зиёд буданду ҳама табъи идона доштанд. Дар ошёнаи якуму дуюм аёниятҳо ва маҳсули дасти хонандагону омӯзгорон ба намоиш гузошта шуда буд. Дар даври минтақавии озмун 47 омӯзгор иштирок намуда, аз онҳо 8 нафарашон ба даври сонӣ роҳ ёфта буданд. Ҳайати ҳакамон, ки Сардори Раёсати маориф Аюбҷон Неъматов, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Баҳодурҷон Маҳмудов, ҷонишини сардори раёсати маориф Фирӯзахон Юнусова, кормандони раёсати маориф Иномҷон Бобоҷонов ва Зарнигор Баротова шомил гардиданд, ба ҳунару истеъдоди иштирокчиёни озмун баҳогузорӣ намуданд. Иштирокдорон Улуғбек Бошмонов аз МТМУ №20, Даврон Нозимов МТМУ №1, Уғулҷон Мамадова МТМУ №31, Нигора Аҳмадҷонова МТМУ №24, Мавлуда Дадоҷонова МТМУ №29, Ҳилола Ҷӯраева МТМУ №53, Исроил Маҳмадҷонов МТМУ №52 ва Мунира Ёқубҷонзода МТМУ №42 ҳар як дар муддати 20 дақиқа аз ҳаёту фаъолият ва таҷрибаву муваффақиятҳои кориашон сухан карда, худро муаррифӣ намуда, аёниятҳои дарсиро бо шарҳу эзоҳ намоиш доданд.

Дар фарҷом омӯзгори фанни биологияи МТМУ №24 Нигора Аҳмадҷонова ғолиб дониста шуда, барои иштирок ба озмуни вилоятӣ ҳуқуқ пайдо намуд. Ҷои дуюм насиби омӯзгори фанни математикаи МТМУ №5 Улуғбек Бошмонов гашта, ҷойи сеюмро омӯзгори фанни забони давлатӣ МТМУ №53 Ҳилола Ҷӯраева соҳиб гашт. Ба ғолиби озмун дипломи дараҷаи 1 ва роҳхат ба озмуни вилоятӣ, инчунин тӯҳфаи хотиравӣ супорида шуд. Ба дигар иштирокчиёни озмун тӯҳфаҳо тақдим гардид.

Баргузории озмуни Муаллими сол барои дарёфти омӯзгорони боистеъдод, такмили маҳорату малака, сайқал додани донишу таҷрибаи корӣ инчунин, дастгириву ҳавасмандгардонии онҳо нигаронида шудааст. 

Возврат к списку новостей