Посетители
4192417
Сегодня
109
На этой неделе
279
В этом месяце
2697
Итого
4192417
14.03.2023
Гузошта шудани санги асос ба сохтмони Маркази тичоратию логистикии "Андархон"
13 марти соли 2023 ҳайати вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар карда, дар маросими оғози сохтмони Маркази тиҷоратию логистикии "Андархон" иштирок намуд.
Дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, соҳибкорону тоҷирони вилоятҳо иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ раисони вилоятҳо аз таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ ва дӯстона изҳори қаноатмандӣ намуда, онро самараи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев арзёбӣ карданд.
Роҳбарони вилоятҳо ҳамзамон фарорасии Наврӯзи байналмилалро ба халқҳои тоҷику ӯзбек табрик гуфта, изҳори боварӣ намуданд, ки Маркази тиҷоратию логистикии "Андархон" дар афзоиши мубодилаи молу маҳсулот мусоидат менамояд.
Ёдовар бояд шуд, ки Маркази тиҷоратию логистикии "Андархон" дар масоҳати 5 гектар бунёд гардида, дар он 200 дӯконҳои савдо, банк, ошхона ва қаҳвахона, меҳмонхона, маркази логистикӣ ҷойгир карда хоҳад шуд. Бо фаъол шудани марказ дар он маҳсулоти дар корхонаҳои ду вилоят истеҳсолшаванда ба фурӯш бароварда мешавад.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?