Посетители
4192417
Сегодня
109
На этой неделе
279
В этом месяце
2697
Итого
4192417
14.03.2023
Паёми табрикии Раиси шаҳри Конибодом муҳтарам Абдусалом Тӯхтасунзода
Муҳтарам кормандони Мақомоти прокуратураи шаҳри Конибодом!
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом Шуморо ба ифтихори Рӯзи кормандони Мақомоти прокуратура, ки ҳар сол санаи 14-март таҷлил мегардад, табрику муборакбод намуда, бароятон саломатии комил, саодати зиндагӣ ва дар иҷрои вазифаи пурмасъулу бошараф бурдбориву муваффақиятҳои беназирро таманно менамояд.
Прокуратура яке аз ниҳодҳои боэътимоди мамлакат ба ҳисоб рафта, дар таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими сулҳу субот, мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва зуҳуроти номатлуб саҳми босазо дорад.
Меҳнати пурмасъулияти кормандони прокуратураи мамлакат аз ҷониби давлат ва ҷомеа ба хубӣ эҳсос мегардад. Ба ин маънӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти Прокуратураи Тоҷикистони соҳибистиқлолро қаноатмандона қувваи устувори давлат ва ҷомеа арзёбӣ карда, чунин таъкид медоранд: «Мақомоти Прокуратура дорои нерӯйи бузурги кадрӣ ва сифатҳои баланди ахлоқиву касбӣ буда, қодиранд вазифаҳои худро сарбаландона иҷро намоянд ва аз ин боис, масъулияти аз ҳама муҳим – таъмини амнияти давлату миллат, ҳифзи суботу оромии ҷомеа ва назорати риояи дақиқи қонунҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ ба зиммаи Мақомоти прокуратура вогузор гардидааст».
Воқеан ҳам, Мақомоти Прокуратураи Тоҷикистон ҳанӯз аз ибтидои таъсисёбии худ ба шароити вазнини сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ нигоҳ накарда, вазифаҳои хизматии худро бо ҳисси баланди масъулият, кордонӣ ва садоқат ба халқу ватан иҷро намуда, барои беҳтару хубтар ба роҳ мондани мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ ва пойдор гардонидани қонуният бо кадрҳои соҳибтаҷрибаи хеш корҳои назаррасро ба субут мерасонанд.
Прокуратураи шаҳри Конибодом низ ҳамчун ниҳоди муҳимми давлатдорӣ фаъолияти худро дар самти ҳифзи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ошкору пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ равона карда, ҷиҳати пешрафту шукуфоии Ватани азизамон нақши босазо дорад. Давлат ва аҳли ҷомеа бо боварии том дар назди Мақомоти прокуратура вазифа гузоштааст, ки ҳуқуқи меҳнативу иҷтимоии шаҳрвандонро таъмин ва захираҳои давлатии моддиву молиявиро ҳифз намояд. Боиси ифтихор аст, ки кормандони ин ниҳоди пурқудрат рисолати муқаддаси дар наздашон қарордоштаро дар самти таъмини волоияти қонун, назорат ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳимояи манфиатҳои давлатро сарбаландона иҷро мекунад. Бо боварӣ гуфта метавонем, ки чунин эътимоди баланди Роҳбарияти Олии мамлакат ва мардуми кишвар ба азму иродаи кормандони Прокуратура илҳоми тоза мебахшад.
Итминон дорем, ки кормандони Мақомоти Прокуратура минбаъд ҳам бо фаъолияти пурсамар, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва садоқат ба халқу ватан, ба наслҳои ҷавон сабақи ватандӯстию инсонпарварӣ медиҳанд ва баҳри ҳифзу пойдории давлати соҳибихтиёрамон саҳми арзанда мегузоранд.
Бо ифодаи чунин ниятҳои нек бори дигар тамоми кормандон ва собиқадорони Мақомоти прокуратураи шаҳри Конибодомро ба муносибати Рӯзи кормандони прокуратура самимона табрик намуда, баҳратон сиҳатмандиву сарбаландӣ, рӯзгори хушу обод ва дар амалисозии корҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барору комёбиҳо орзумандам.
Иди касбӣ муборак бод, таъминкунандагони волоияти қонун!
Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?