Посетители
4226060
Сегодня
47
На этой неделе
610
В этом месяце
176
Итого
4226060
11.03.2023
Матбуоти тоҷик 111 сола шуд
Имрӯз ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик, ки 29-сол инҷониб дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат санаи 11-март таҷлил мегардад, дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар он Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода иштирок ва суханронӣ намуда, аҳли қалам, рӯзноманигорону ноширон ва кулли кормандони расонаҳои ахбори шаҳрамонро бо иди касбӣ шодбош гуфт. Раиси шаҳр бо эҳтирому муҳаббати хос нисбат ба заҳмати мӯшикофонаи эҷодкорон, нисбат ба матолибу маводҳои дар матбуот инъикосшудаи рӯзноманигорон ибрози ҳарф зада, воситаҳои ахбор ва матбуотро қувваи бузургу созанда, тарғибгару таҳкимбахши истиқлолу ободии ватан арзёбӣ кард. "Ҳарчанд имрӯз технологияву интернет рушд карда, тарзи муосири итилоот маъмул аст, аммо матолиби дар матбуот ва рӯзнома нашршуда ҳамчун бойгонии пурарзиш солҳои тӯлонӣ боқӣ мемонад ва арзиши худро гум намекунад" - иброз дошт Раиси шаҳр.
Дар ҷамъомад ҳамчунин оид ба таърихи фаъолияти рӯзномаи шаҳрии "Садои Конибодом", ки бештар аз 90 сол инҷониб арзи ҳастӣ дошта, то имрӯз рӯзномаи писандидаи сокинони шаҳр аст, ибрози андешаҳо сурат гирифт. Сармуҳаррири рӯзнома Абдусаттор Содиқов, собиқадорони соҳа, муштариёну хонандагон дар баромадҳои худ оид ба нақши рӯзнома дар инъикоси навигариҳои тозаи шаҳр ва маҳбубият доштани он дар байни муштариён гуфта гузаштанд ва ҳозиринро бо рӯзи қаламу эҷоду сухан таҳният намуданд.
Сипас ба чанде аз кормандон ва собиқадорони соҳа, обуначиёни фаъол сипосномаҳои Раиси шаҳр ва худи рӯзнома тақдим гардид.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?