Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4192416
Сегодня
108
На этой неделе
278
В этом месяце
2696
Итого
4192416
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

07.03.2023

Паёми шодбошии Раиси шаҳри Конибодом муҳтарам Абдусалом Тӯхтасунзода ба муносибати Рӯзи Модар

Модарони меҳрубон, бонувон ва хоҳарони арҷманд!
Дар ин айёми пурнафосат, оғози фасли баҳор фаро расидани Рӯзи Модар дилу дидагони моро болидаву фараҳманд ва зиндагиамонро зебоӣ бахшидааст. Ин ҷашни барои ҳамаи мо азизу муътабар – Рӯзи Модарро ба ҳар яки Шумо, Модарону хоҳарон, бонувони иззатманд ва ба кулли сокинони шаҳрамон самимона таҳнияту шодбош гуфта, бароятон саломативу хушбахтӣ, сарбаландиву хонаободӣ ва рӯзгори шоду пурнишот таманно дорам.
Дар Тоҷикистони маҳбуби мо таҷлили Рӯзи Модар рамзи эҳтирому қадршиносӣ, нафосату поксириштӣ, зебоӣ ва муҳаббату садоқат нисбат ба Зан-Модар арзёбӣ мегардад. Агар Баҳор олиҳаи ҳусни сол маънидод шавад, пас Зан – Модар рамзи покӣ, озодагию назокат ва меҳрубонию садоқат ба ҳисоб меравад. Маҳз дар ин айём таҷлили Рӯзи Модар неку хуҷаста аст, зеро Модар оғозгари зиндагӣ, бахшандаи ҳаёт ва ибтидои нияту иқдоми тоза мебошад. Ӯ аввалин шахсест, ки бо шири пок ва меҳрубонӣ дар қалби фарзанди худ хислатҳои неки инсониро парвариш карда, ба роҳи ҳаёт раҳнамоӣ мекунад. Аз ин рӯ, барои инсоният Модар мавҷуди муқаддасу маҳбуб, шоистаи мақому манзалат, ҳурмату эҳтиром ва қадршиносӣ аст.
Зан - Модар ба мисли баҳори пурнакҳату муаттар таҷассумгари фардои обод буда, бо нияту орзуҳои неку самимона фарзандони худро ба камол мерасонад ва онҳоро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан, садоқат ба сарзамини муқаддас тарбия менамояд.
Модарону бонувони иззатманд!
Маҳз ба шарофати таваҷҷӯҳҳ ва ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ҳазорҳо бонувони фаъоли мамлакат занону модарони сарбаланди шаҳри Конибодом низ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ кору фаъолият намуда, баҳри шукуфоӣ ва ободии Ватани маҳбубамон саҳми худро мегузоранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониҳояшон бобати баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, эҳтирому арҷгузории Зан-Модар ҳарф мезананд ва нақши Модаронро дар бунёди ҷомеаи солиму устувор басо бузургу бориз унвон кардаанд. Аз ҷумла, дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ нисбат ба нақши сазовори занону модарон чунин иброз доштанд: «Занону бонувон дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба нерӯву ташаббусьои онҳо ҳамеша эътимод дорем».
Воқеан ҳам, модарону бонувони босаодати тоҷик дар тӯли таърих тарбиятгари фарзандони хирадманду ватандӯст буда, ин рисолати муқаддаси хешро имрӯз низ идома мебахшанд. Модари тоҷик дар баробари тарбияи насли ояндасоз, инчунин сиёсатмадору олим, омӯзгору табиб, иқтисодчиву варзишгар, соҳибкори муваффақу коршинос буда, дар рушди ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва ивтимоиву фарҳангии кишвар нақши муҳим дорад.
Ба шарофати сиёсати фардосози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини мавқеи устувори Зан-Модар дар ҷомеа имрӯзҳо ҳамаи имкониятҳо фароҳам оварда шудааст. Натиҷаи ин сиёсати оқилона аст, ки занони қавииродаву боҷасорат дар арсаи васеи сиёсат низ собитқадамона фаъолият бурда, барои истифдаи нерӯи ватанхоҳиву созандагии онҳо заминаи устувор гузошта шуд.
Дар ин росто, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом як қатор барномаҳо ва нақшаю тадбирҳоро дар амал татбиқ намуда, ин равандро мунтазам таывият медиҳад.
Алҳол бештар аз 50 фоизи аҳолии шаҳрро занону бонувон ташкил дода, 240 нафар бонувон ба сифати роҳбар фаъолият мебаранд ва 60 фоизи теъдоди кормандони соҳаҳои хоҷагии халқро бонувон ташкил медиҳанд. Алҳол беш аз 200 нафар бонувони ҳунарманди шаҳрамон ба ривоҷу равнақ бахшидани ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили дӯзандагию бофандагӣ, атласу адрасбофӣ, қуроқдӯию сӯзанидӯзӣ, ҷомадӯзию зардӯзӣ ва дар маҷмӯъ беш аз 20 намуди ҳунарҳои мардумӣ шуғл меварзанд.
Модарону хоҳарони азиз!
Беҳуда нагуфтаанд, ки Зан чароғи хонадон, сарчашмаи ҳама эҳсосоти зиндагибахш ва машъали раҳнамои ҷомеа мебошад.
Бовариву эътимоди комил дорам, ки Модарону бонувони соҳибдили шаҳри Конибодом минбаъд низ рисолати азалии худро бо ҳисси баланди масъулият ба ҷо оварда, бо фазлу ҳикмат, вафою садоқат ва меҳру муьаббат ҷомеаи моро бо ҳама эҳсосоти поку ҳаётбахш саршор мегардонанд.
Бо чунин ниятҳои самимона, бори дигар, тамоми Модарону бонувони Канди бостонро ба ифтихори Рӯзи Модар самимона табрику таҳният гуфта, барояшон як ҷаҳон шодиву сурур, тансиҳативу рӯзгори хуш, комрониву саодатмандӣ ва барору комёбиҳои беназирро дар фаъолияту зиндагӣ орзумандам.
Идатон муборак бод, Модарон ва хоҳарони азиз!
Возврат к списку новостей