Посетители
4192416
Сегодня
108
На этой неделе
278
В этом месяце
2696
Итого
4192416
03.03.2023
Аллаи модар - суруди зиндагӣ
Баҳор оғози фасли муҳаббат, меҳру садоқат ва ҷашни зебоиву нафосат аст. Дар ин рӯзҳои накӯи баҳорӣ ба муносибати Рӯзи Модар чорабиниҳои хотирмон сурат гирифта, баргузории озмуну маҳфилҳои дилнишини бонувон дар шаҳрамон шурӯъ шудааст.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва бо ташаббуси шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳрамон даври шаҳрии озмуни "Аллаи Модар" баргузор гардид.
Дар маҳфил намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, номзади илмҳои таърих, дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Шарофат Ҳалимова, директори маркази солимии репродуктивии вилоят Раъно Меҳмонова, муовини озоди шӯрои шаҳрии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом Ашӯрматзода Замирахон, мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳр Маҳбубахон Муҳитдинова иштирок ва суханронӣ намуда, дар бораи бузургии зан - модар, қалби бузургу меҳрубони модари тоҷик ва суруди рӯҳнавози аллаи модар, ки оғози ҳастии инсон аст, ҳарф заданд.
Дар озмун 4-нафар иштирокдорон миёни ҳам сабқат карданд.
Иштирокчии рақами 4-ум, омӯзгори МТМУ 2 Шокирова Маҳбуба бо иҷроиши ширину пурмаҳорати суруди алла сазовори ҷойи 1-ум, мураббияи кӯдакистони рақами 4 Ҷӯраева Башорат ҷойи 2-юм, мураббияи куудакистони рақами 12 Тӯхтаева Шоҳина ҷойи 3-юмро гирифтанд ва мураббияи кӯдакистони рақами 7 Ҳомидова Нигина барои иштироки фаъолона бо сипоснома ва дипломҳо сарфароз гардонида шуданд.
Барномаи рангини фарҳангӣ дар иҷрои аҳли ҳунар маҳфили гарми бонувонро шодиву шукӯҳи тоза бахшид.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?