Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4192416
Сегодня
108
На этой неделе
278
В этом месяце
2696
Итого
4192416
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

17.02.2023

Боздиди гурӯҳи кории Руссия аз ҶС "Бодом"

Дирӯз намояндагони ширкатҳои тиҷоратӣ, корхонаҳои саноатии Федератсияи Руссия бо мақсади ошноӣ аз ҶС "Бодом" ба шаҳрамон ташриф оварданд. Нахуст меҳмононро Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба ҳузур пазируфта, онҳоро ба шаҳри бостонии Конибодом хайрамақдам гуфт. Зимни сӯҳбати рӯ ба рӯ оид ба имкониятҳои иқтисодиву саноатии шаҳр, корхонаҳои мавҷудаи истеҳсолӣ маълумоти муфассал дода шуд. Раиси шаҳр дар суханронии худ ҳозиринро бо фаъолияти яке аз корхонаҳои саноатии шаҳрамон - ҶС "Бодом" шинос намуд. Зикр гардид, ки корхона соли 1939 таъсис ёфта, яке аз коргоҳҳои пуриқтидори саноатӣ дар минтақа ба ҳисоб мерафт ва ҳоло бо сабаби набудани мутахассисону қувваи корӣ, паст рафтани ҳаҷми таваррум корхона бо иқтидори хеле кам фаъолият дорад.
Масъулини ширкатҳои саноатии Руссия дар навбати худ аз хусуси ба роҳ мондани ҳамкориҳои минбаъда, ба кор даровардани корхонаҳои бонуфузи саноатии шаҳр дар мисоли ҶС "Бодом" ибрози назар намуданд.
Сипас, меҳмонон ба ҶС "Бодом" ташриф оварда, аз сехҳои истеҳсолӣ ва иқтидори мавҷудаи корхона аз наздик дидан намуданд. Директори генералии ҶС "Бодом" Юсуфҷон Ахмедов ҳайати гурӯҳи кориро бо таърихи фаъолияти дирӯзаву имрӯзаи коргоҳ шинос кард. Зикр гардид, ки масоҳати корхона бештар аз 14 гектарро дар бар гирифта, коргоҳ то соли 2006- ум бо тамоми иқтидор фаъолият кардааст. Дар ҶС "Бодом" 2500 нафар коргарон кор мекарданд ва дар ин ҷо намудҳои гуногуни қисмҳои эҳтиётии автомашинаҳо, дучархаҳо барои калонсолон ва наврасону кӯдакон, аробачаҳои маъюбӣ истеҳсол мешуд. Корхона аз соли 1976 бо корхонаи автомобилбарории шаҳри Горкийи Руссия ҳамкории тӯлонӣ дошта, қариб тамоми таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётии нақлиёте, ки шаҳри Горкий истеҳсол мекард, дар ҶС Бодом сохта мешуд. Яъне ин корхона фармоишгари асосии ҶС "Бодом" маҳсуб меёфт. Дар солҳои вазнини баъди 2006 мушкилоти молиявӣ на танҳо шаҳри Конибодом, балки тамоми миқёси мамлакатро фаро гирифта, ҶС "Бодом"низ ба мушкилу муаммоҳои зиёд дучор шуд ва оҳиста - оҳиста рӯ ба таназзул ниҳод. Корхона аз соли 2006 иқтидори истеҳсолии худро аз даст дод.
Ҳоло бо иқтидори хеле кам фаъолият дошта бошад ҳам, тамоми таҷҳизоти техникӣ, дастгоҳҳои пурқудрати корӣ нигоҳ дошта шудаанд ва корхона қодир аст бо пайдо шудани фармоишот истеҳсолоти худро дубора барқарор намояд.
Ҳамин тавр меҳмонон, намояндагони ширкатҳои саноатии Руссия аз ин боздиду гуфтугӯҳои судманд қаноатмандии хешро баён доштанд.
Возможно, это изображение 7 человек, люди сидят и люди стоятВозможно, это изображение 2 человека, люди сидят и в помещенииВозможно, это изображение 5 человек, люди сидят и люди стоятВозможно, это изображение 2 человека и люди стоятВозможно, это изображение 2 человека и люди стоятВозможно, это изображение 4 человека, люди стоят и на открытом воздухеВозможно, это изображение 7 человек, люди стоят и на открытом воздухеВозможно, это изображение 4 человека и люди стоятВозможно, это изображение 2 человека и в помещенииВозможно, это изображение 1 человекВозможно, это изображение 5 человек и люди стоятВозможно, это изображение 5 человек, люди стоят и на открытом воздухе
Возврат к списку новостей