Посетители
4192431
Сегодня
123
На этой неделе
293
В этом месяце
2711
Итого
4192431
22.02.2023
Таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ
Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори ватани азизамон ҷашни шукӯҳманди 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.
Ба ифтихори ин санаи хотирмон тайи чанд рӯз аст, ки дар шаҳрамон чорабиниҳои идона сурат гирифта, бо сарбозону афсарон дидору мулоқотҳо гузаронида шуда истодааст.
21-феврал дар қасри фарҳанги шаҳр ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки хизматчиёни ҳарбӣ, собиқадорони қувваҳои мусаллаҳ, сарбозону афсарон ва фаъолони шаҳр баргузор гардид. Ҷамъомад бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардида, нахуст Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ҳозирин ва кулли мардуми сарбаланди шаҳрамонро бо ҷашни фархундаи 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфт. Раиси шаҳр мақому манзалат ва нерӯйи тавонманди Қувваҳои мусаллаҳи мамлакатро дар таъмини амнияту осоиштагии кишвар муҳим арзёбӣ намуда, сарбозону муҳофизони ватанро сипари боэътимоди давлат унвон кард.
Дар тантана намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати тандурустии вилоят Ҳабибулло Хайруллозода иштирок ва суханронӣ намуда, паёми шодбошии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба ҳозирин расонид.
Баъдан ба гурӯҳи калони хизматчиёни ҳарбӣ, фаъолони шаҳр дар вазъияти тантанавӣ сипосномаҳои Раиси шаҳр, Вазорати мудофиа комиссари ҳарбии шаҳр ва медалҳои ҷашнӣ супорида шуд. Аз ҷумла, барои нишон додани ҷасорату мардонагӣ дар ҳифзи марзу буми ватан, ҳамдиёри мо, сержант Ҳошимзода Амир бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо "Медали ҷасорат" мукофотонида шуд.
Барои таваҷҷӯҳи доимӣ ба сарбозону афсарон, мусоидат дар беҳтарсозии ҳаёти хизматчиёни ҳарбӣ Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода бо сипосномаи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
Дар анҷом барномаи рангини фарҳангӣ иборат аз суруду таронаҳои ҳарбӣ - ватандӯстӣ пешкаш гардид.
Сипас Раиси шаҳр ба қисми низомии 04080 ташриф оварда, низомиён ва сарбозону афсаронро бо Рӯзи Артиши миллӣ шодбош гуфта, таъкид дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр минбаъд низ барои фароҳам овардани шароитҳои мусоиди хизмат барои сарбозону афсарон тамоми имкониятҳои мавҷударо равона месозад.
Ҳамчунин Раиси шаҳр дар ошхонаи қисми ҳарбӣ сари дастурхони идона бо сарбозону афсарон бобати рафти хизмати ҳарбӣ ва ҳаёти сарбозӣ сӯҳбати самимӣ ороста,дар ҳифзу ҳимояи марзу буми ватан барору бурдборӣ таманно намуд.

























Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?