Посетители
4192431
Сегодня
123
На этой неделе
293
В этом месяце
2711
Итого
4192431
21.02.2023
Мубориза алайҳи ҳодисаҳои номатлуб - кафили ҳаёти осоишта
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласа бо иштироки сокинони ҷамоатҳои деҳот, раисони кумитаҳои маҳаллӣ ва фаъолон доир ба мубориза алайҳи шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, терроризму экстремизм, таълимоти ғайрирасмии динӣ ва дигар ҳодисаҳои номатлуб баргузор гардид. Ҷаласа таҳти раёсати Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода сурат гирифта, гурӯҳи тарғиботчиёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими вилоят Рустамзода Сӯҳроб, дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Муҳиддин Файзуллоев, собиқадори хизмати давлатӣ Махкамбой Миркамолов, ҳамзамон сардори шӯъбаи шаҳрии Кумитаи давлатии Амнияти Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом Ҷамолиддин Ҷабборов, сардори шӯъбаи Вазорати Корҳои Дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом Сайфзода Самад Мадамон дар ҷаласа иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода оид ба авзои пуртазоди ҷомеаи ҷаҳонӣ, фирефта шуда гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, дар хориҷи кишвар таҳсили ғайрирасмии динӣ доштани чанде аз ҷавонони шаҳр изҳори нигаронӣ намуд.
Дар баромади сардори ШВКД-и шаҳр аз ҷумла зикр гардид, ки дар шаҳр 31 ҳолати шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ба қайд гирифта шуда, аз онҳо 3-нафарашон бинобар пушаймонӣ аз кирдор аз ҳудуди Федератсияи Руссия ба ватан баргардонида шуданд. 45 нафар шаҳрвандон дар ҷангҳои Сурия ва хусусияти террористиву экстремистидоштаи ҷаҳон иштирок кардаанд, ки аз онҳо 8-нафарашон занҳо буда, 3-нафар занон аз Сурия ба ватан баргардонида шуданд. Ҳамчунин зикр гардид, ки 50-нафар ҷавонони дар кишварҳои хориҷӣ таҳсили ғайрирасмии динидошта ошкор гардида, 48-нафар баргардонида шуданд. 2-нафар ҷавонон то ҳол дар кишвари шоҳигарии Арабистони Саудӣ қарор дошта, нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Ҳамин тавр, роҷеъ ба оқибатҳои қонунии амалҳои номатлуб аз ҷониби баромадкунандагон андешарониҳо сурат гирифта, аз падару модарон, раисони кумитаи маҳаллаҳо, ҷамоатҳои деҳот ва масъулон талаб карда шуд, ки ҳар як рафтору амали фарзандон, ҷавонону наврасонро зери назорати доимӣ қарор диҳанд.
Дар анҷом Раиси шаҳри Конибодом ҷаласаро ҷамъбаст намуда, барои ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинон, гузаронидани сӯҳбату мулоқотҳо дар деҳаву маҳаллаҳо ва таҳти назорат гирифтани оилаҳои осебпазир ба шахсони масъул ва раисони ҷамоатҳои деҳот дастуру супоришҳои қатъӣ дод.
Ҳамин гуна мулоқот бо сокинони ҷамоати деҳоти Пӯлодон дар тарабхонаи Олимиён низ доир гардид. 15-нафар сокинони ҷамоати деҳот дар ҷангҳои давлати Сурия иштирок кардаанд, ки мутаассифона ин рақам нисбат ба дигар ҷамоатҳо зиёд аст. Аз онҳо 1-нафар сокини ҷамоат тавассути бурдани корҳои оперативии мақомоти дахлдор ба ватан баргардонида шуд.
Раиси ҷамоати деҳот ва фаъолони ҷамоат барои боз ҳам пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҳудуди ҷамоат муваззаф карда шуданд.












Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?